Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Хуш, ба куҷо меравем? - дар пеши бинои прокуратура каме тағофул намуда пурсид Нӯшин.
-Ба куҷое, ки дилатон хоҳад.
-Ин тавр бошад, ба тарабхонаи “Табассум” меравем, - гуфт муфаттиш ва ба тарафи чапи кӯча ҳаракат намуд. Ман ҳам дигар каломе ба забон наоварда, дар паҳлуи вай қадам задам. Дар ҳамин лаҳза телефони дастиам садо доду тугмачаашро зер намудам.
-Рафиқ капитан, нафаре, ки дар зери васигии мост, аз телефонавтомати рақами 87-и кӯчаи Сино ба куҷое ба алоқа баромад, он чӣ гуфтугӯе буд, мо фаҳмида натавонистем. Давомнокии гуфтугӯи телефонӣ камтар аз як дақиқа. Вақти ба алоқа баромаданаш соати
26
12 дақиқа.
-Назоратро аз қафояш давом диҳед, кӯшиш намоед, пай набарад.
-Хуб шудааст, - гӯён Абдурашиди Шариф ба алоқа нуқта гузошт.
-Хуш, чӣ ҳодиса шуд? - боз каме таваққуф намуда пурсид муфаттиш, ки тайи ин муддат панҷ-шаш қадам аз ман пештар мерафт.
-Қиёми Абдулхайр панҷ дақиқа пеш ба куҷое ба алоқа баромадааст, давомнокии гуфтугӯи телефони камтар аз як дақиқа.
-Бо кадом рақам, ба алоқа баромаданашро, албатта намедонанд.
-Ҳамин хел аст, вале муайян намудани он чандон душворие надорад.
Сипас ман дар табло рақами телефони Аббос Аҳмадович Ғуломовро ёфта, ба ӯ занг задам ва аз вай ёрӣ пурсидам.
-Ҳоло ман дар идора нестам, вале супориш медиҳам, то ба саволи шумо посух ёбанд. Худам тайи ним соат, албатта, занг мезанам,-бандаро ором намуда гуфт мусоҳиби дар идора набудаи ман.
-Ташаккур, - гӯён ин дафъа ман бо Ғуломов муваққатан ҳам бошад, худоҳофизӣ намудам.
-Аз баҳри тановули нисфирӯзӣ бароем, - гуфт муфаттиш, ки шояд аз зангзаниҳои беохири банда ҷон ба лаб омада буд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо