Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Война войной, но обед вовремя.
32
-Ну смотрите,- гӯён муфаттиш ба самти дигари роҳ ҳаракат кард ва баъди панҷ дақиқаи дигар мо вориди тарабхонаи “Табассум” шудем...
Дар замоне, ки ҳанӯз бо таоми якуми овардаи пешхизмат ҳисобу китобро баробар накарда будем, Аббос Аҳмадович занг
26 зада, дар соати 12 дақиқа ба кадом рақами телефон занг задани муштариро хабар дода, хоҳиш намуд, ки фиристодани номаи расмиро аз ёд набарорем.
-Албатта, вале мо ба матни гуфтугӯ шинос шудан мехостем.
-Ба шуғни даст диҳӣ, аз оринҷат медорад, - гуфт Ғуломов.
-Ба шуғни не, ба дарвозӣ, Аббос Аҳмадович.
-Чӣ фарқ дорад, ба шуғнӣ даст медиҳӣ ё ба дарвозӣ.
-Бо иҷозаи шумо як сухан гӯям.
-Боз чӣ мехоҳед? - қариб ки мақсади бандаро нафаҳмида бо овози баланд гуфт муовини ширкати “ТоҷикТел”.
-Чун мактубро биёрам, албатта, он суханро ҳам бароятон хоҳам гуфт, ҳозир бошад, ҳаминаш ҳам кифоя, - гӯён ман худ алоқаро қатъ намудам.
-Чаро суханатро нагуфтӣ?- пурсид Нӯшин.
-Ба ёд овардам, ки мардони ориф мегӯянд: -“Бисёр талаб макун, ки ба кам зор шавӣ”.
-Тарзе сухан мегӯед, ки гӯё вай кӯҳро чаппа карда бошад.
-Ба талбанда чӣ медиҳанд?
-Чӣ хел талбанда? Шумо чиҳо гуфта истодаед, - рафиқ капитан.
-Беҳтар мешуд, ки ба савол посух мегуфтед.
-Аслан дар шароити кунунӣ ба талбанда хоки сиёҳро ҳам намедиҳанд.
-Ғуломов бошад, ба мо рақами телефон ва номи нафареро, ки телефон ба номаш сабт шудааст, дод. Ҳарчанд харбуза пухта расидагӣ ҳам набошад, вале харбуза аст, магар ҳаминаш кофӣ нест?

31
Ҷанг ҷанг ҳаст, вале хӯроки нисфирӯзӣ вақти худро дорад.
Ну смотрите-нигоҳ кунед! сухан ба маънои киноя омада.

пешина
аз 429
навбатӣ