Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз гирифтани харбузаи хом дида нагирифтани он алвотар аст.
-Ман бошам, чунин намешуморам, бонуи муҳтарам. Сипас ман ба Абдурашиди Шариф занг зада, рақами телефони дар алоқа буда ва номи соҳиби телефони мазкурро барояш арзонӣ доштам.
-Дар кадом мавзуъ онҳо суҳбат доштанд? - пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Соате пас ба ин саволат ҳам посух хоҳӣ гирифт, - шогирдро ором намуда телефонро хомуш кардам...
Баъди тановули нисфирӯзӣ мо боз ба прокуратура рафтем ва муфаттиш барои ширкати “ТоҷикТел” номае рӯӣ чоп оварда, ба дастам дода, бароям барори кор таманно намуд...
...37...
33
-Ҷосусро доштаед?
-Ҳоло не.
-Сертараддуди камкор гӯед.
-Шуморо нафаҳмидам.
-Занги телефонию илтиҷоҳоятонро шунида гумон намудам нафареро, ки шахсияташро муайян кардан мехоҳед, дар хатти сарҳад истодааст ва ба хотири шумо шуда аз баҳри тановули нисфирӯзӣ ҳам баромада, ба идора баргаштам, то дар боздошти “сарҳадшикан” (ҷинояткор дар назар аст) каме ҳам бошад, саҳмгузор шавам, ин ҷо бошад...
-Кори хона ба бозор рост намеояд, - гӯён ман ба курсие нишаста, номаи бо худ овардаамро болои мизи муовини сардори ширкати “ТоҷикТел” гузоштам.
Ғуломов чашмонашро бо айнаки дар гӯшаи миз буда муҷҷаҳаз намуда, ба қироати номаи оварда пардохт ва дар интиҳо пурсид:
-Магар матни гуфтугӯ ягон натиҷа медиҳад?
-Намедонам.
-Ҳеҷ гап не, ҳоло ҳамаашро ташкил мекунем, - гӯён Аббос Аҳмадович, тугмачаеро шояд зер намуд. Лаҳзае пас котиба бе калому бе паём пушти дар рост шуда, интизори фармони патронаш шуд.

Киноя.

пешина
аз 429
навбатӣ