Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба меҳмон як қаҳва, барои ман бошад як чой.
-Хуб шудааст, - гӯён котиба мехост ҳарчи зудтар дарро аз самти дигар пушад, вале...
-Ҳоло ист! - гуфтани Аббос Аҳмадович ӯро аз роҳ боздошт.
-Боз чӣ? - нафасашро рост намуда пурсид котиба.
Ғуломов ба гӯшаи номаи овардаи банда чизе навишта, онро ба тарафи котиба дароз намуд.
Ҷавонзан дигар каломе за забон наоварда, варақаро аз дасти шефаш гирифта, лаҳзае пас дарро аз самти дигар пӯшид.
-Беҳуда шуморо ташвиш додам.
-Инро барвақттар бояд фикр мекардед, акнун ки омадед, моро ба ҳоли хеш гузоред, -хандида гуфт муовини сардори ширкат.
Рафту агар ҳамин хандаи ӯ намешуд, ман суханони гуфтаашро ҷиддӣ пиндошта, эҳтимол сухани аввалини ба забонам омадаро барояш дареғ намедоштам, вале ҳамин хандаву чеҳраи кушоди мизбон на танҳо дастон, балки забонамро ҳам баст.
-Шумо чизе ба ман гуфтанӣ будед? - бандаро аз байни хаёлоти беохир бароварданӣ шуда гуфт Аббос Аҳмадович.
-Ба фикрам, ҳамааш дар ҳамон номаи овардаам сабт шудааст,- паст наомада гуфтам ман.
-Дар он нома нишоне аз он ваъдаи дода шумо набуд ва аз хотир набароред, ки “ал-ваъдаву дайн” гуфтаанд.
Котиба дарро кушода, хиромида-хиромида лаълии дар дасташ бударо, болои миз гузошта қаҳваи овардаашро пеши банда ва чойро пеши патронаш монда пас рафт.
-Ман гӯш мекунам, - як қулт чой нӯшида, пиёларо болои миз гузошта гуфт Ғуломов.
-Агар малоли хотиратон нашавад, ман ҳатто ба ёд оварда наметавонам, ки дар кадом мавзуъ ба шумо бояд суҳбат мекардам.
-Он лаҳза гап дар сари шуғнӣ ва дарвозӣ мерафт ва банда эътироз намуда гуфтам, ки чӣ фарқест байни шуғнӣ ва дарвозӣ.
Аслан сухани аз забон баромада тири аз камон ҷастаро мемонад, ки на инро пас гирифта мешавад ва на онро баргардонида. Бояд иқрор шуд, ки ҳамон лаҳза ман аз ба забон овардани ин ваъда пушаймон шуда будам, вале чӣ илоҷ ки мусоҳибам матлаби ҳамонлаҳзаинаи манро донистан мехост. Ба ростӣ, зӯр ҳам зӯр ва хотир ҳам зӯр.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо