Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба қавли мардони ориф агар боло туф кунам, муйлаб-поён, туф кунам-риш...
-Мо-ку сухани шуморо нашикастем, пас ин ҳама андешаро сабаб чист? - пурсид Аббос Аҳмадович.
-Мегӯянд, ки забон дар даҳон посбони сар аст.
-Инаш рост, вале гумон намекунам, ки шумо ҳамин суханро ба самъи банда расониданӣ будед.
-Намедонам чӣ тавр ба шумо фаҳмонам.
-Ҳақиқатро гӯед, аз хотир набароред, ки ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон...
-Дар солҳои охири салтанати Ҳукумати Шӯравӣ байни вилоят ва ноҳияҳо гузаронидани маъракаҳои санҷишӣ ба ҳукми анъана даромада буд.
-Инашро медонам, - тасдиқ намуд Аббос Аҳмадович.
-Ана дар ҳамон солҳо слёти пешқадамони хоҷагии қишлоқ дар ноҳияи Ғозималики вилояти Хатлон мегузаштааст.
-Хуш, хуш, - бандаро каме шердилтар намуданӣ шуда гуфт Ғуломов.
-Дар анҷоми слёт роҳбарони ҳайатҳо барои меҳмонавозӣ ба мизбонон изҳори миннатдори намуданд. Чун навбат ба намояндаи Бадахшон расидааст ва он ҳайатро яке аз котибони аввали ҳизби ноҳияе сарвар будааст, бо чунин сухан ба ҳозирин муроҷиат намудааст:
-Дӯстони азиз! Тайи чанд рӯз аст, ки мо дар меҳмонии мардуми заҳмткаш ва меҳмоннавози ноҳияи Зоғималик...
-Муҳтарам, раис, Зоғималик не, Ғозималик,- ҳушдор сохтааст сарвари гурӯҳро яке аз аъзоён.
Чун сарвар дар он лаҳза ниҳоят сархуш будааст, ба сухани он мард чандон аҳамият надода гуфтааст:
-Чи фарқ дорад Зоғ ё Ғоз? Ҳардуяш ҳам паранда ва боз ту шарм надошта, ба котиби аввали ҳизб гап нишон медиҳӣ...
-Ба бузургии мардуми Бадахшон банда ҳам сари таъзим фуру меорам, - гуфт Аббос Аҳмадович ва чун нигоҳи саволомези бандаро дарк намуда пурсид: -Ё худат аз Бадахшон нестӣ?
-Воло, ки аз ҳамон минтақаам ва ҳар пораи сангашро парастиш мекунам.

пешина
аз 429
навбатӣ