Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Парастиш мекунию котибони аввали ҳизбиашро масхара, - ҳамин хел нигоҳашро ба таври ҷиддӣ ба сӯям дӯхта пурсид мусоҳибам. Гумон кардам, ки ӯ худ бадахшонисту сухани банда қалбаш шикофта, бинобар ин боз бо ҳамон лаҳни хеш гуфтам: - Воло, ки ҳақиқатро гуфтам ё шумо аз шунидани ҳақиқат қимобед.
-Эҳ дарвозӣ, дарвозӣ, қасам ба номи яздони пок, ки сухангӯиатон ниҳоят хушам омад...
Сипас ӯ тариқи телефони дохили идоравӣ ба куҷое занг зада, иҷрои супориши додаашро пурсон шуд.
-Баъди даҳ дақиқа ҳамааш тайёр мешавад, - шунидам ман овози маҳини занонаеро.
-Боз каме сабр карданамон лозим мешавад, - бандаро ором намуданӣ шуда гуфт Аббос Аҳмадович.
-Боке нест, - гӯён ман қаҳваи кайҳо хунукшударо дилу бедилон нӯши ҷон намудам.
-Шояд боз як қаҳваи гарм фармоям? - пурсид Ғуломов.
-Ҳаминаш кифоя, бе ин ҳам вақти қимати шуморо гирифтам,

  • узр пеш оварда гуфтам ман.
    Мо боз каме сари ину он мавзуъ суҳбат намудем, ки нафаре ба дар ангушт зада, рухсати даромадан хост.
    -Марҳамат, дароед.
    Ҷавони тахминан бисту ду бистусесолае вориди дафтари кории муовини сардори ширкати “ТоҷикТел” гашта, матни телеграфии гуфтугӯи дархостиро болои мизи сарвараш гузошт.
    -Ҳамааш ҳамин.
    -Гуфтугӯ ҳамаги чилу ду сония давом намудааст, - худро сафед карданӣ шуда гуфт нафаре, ки сабти матнро оварда буд.
    Аббос Аҳмадович коғазҳои то кунун дар пешаш бударо имзо гузошта бардошта, тарафи ман дароз намуд. Дар он омада буд:
    Ба муфаттиши прокуратураи ноҳияи Сарчашма ҳуқуқшиноси дараҷаи дуюм:
    Нӯшини Азиз.
    Ширкати “ТоҷикТел” матни гуфтугӯи телефониро, ки имрӯз
    26 соати 12 дақиқа аз телефон-автомати рақами 87, воқеъ дар кӯчаи Сино бо телефони мобилии рақами 907 56 23 8... ба алоқа
пешина
аз 429
навбатӣ