Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

баромадааст, дар асоси дархости хаттиатон таҳти рақами 8/1256 аз
26 ноябр ба суроғаи шумо ирсол мекунад.
Илова: матни гуфтугӯии телефонӣ дар як варақа.
Муовини аввали сардори ширкати “ТоҷикТел “ А.А.Ғуломов
Ман варақаи аввалро болои миз гузошта, ба варақаи дуюм, ки матни гуфтугӯи телефонӣ омада буд, чашм духтам.
-“Гӯш мекунам.
-Ин ман.
-Ақлатро хурдӣ магар?
-Мехостам ҳамин чизро аз шумо пурсам.
-Аз ман.
-Бале аз шумо.
-Чӣ мехоҳӣ?
-Манро ба ҳоли худам гузоред.
-Аз кай боз амрдиҳанда шудед?
-Аз ҳамон лаҳзае, ки номаатонро гирифтам.
-“Одам шири хомхӯрда”-гӯён онро чун огоҳнома бароят фиристодем. Аминам, ки моро мефаҳмед.
-Инро беҳтар мешуд, ба милисаҳо мегуфтед.
-Чаро ба милиса?
-Ман ҳам ҳаминро донистан мехостам.
-Нафаҳмидам.
-Соате пеш милисаҳо номаи фиристодаатонро ба ман нишон доданд.
-Чӣ?
-Он чӣ шунидед...”
-Ба ман сабти овоз лозим, баъди қироати номаи ҷавобӣ гулӯ рӯшан карда гуфтам ман.
-Ба шуғнӣ даст диҳӣ...
-Ба дарвозӣ, гӯед ба дарвозӣ...
-Бурд бурди шумо, дарвозӣ, - гӯён Аббос Аҳмадович тугмачаеро зер намуд.
-Шуморо гуш мекунам.
-Бунафша, бе сабти овоз номаро қабул накарданд.
-Шуморо фаҳмидам, Аббос Аҳмадович.

пешина
аз 429
навбатӣ