Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Шубҳа - ку не, вале агар мо акси дигари вайро ҳамон рӯзи азназаргузаронии ҷои ҳодиса бо худ мегирифтем, ин лаҳза чунин як муаммои сарбаста садди роҳамон намегашт.
-Зиндагӣ маҷмуаи бешу камист ва ҳамаи паҳлуҳои онро яку якбора ба инобат гирифтан ғайриимкон аст. Ба ҳар ҳол ҳамон рӯз дар хонадони эшон ягон расмеро надидам.
-Чӣ илоҷ, умед бар он мебандем, ки моро анҷоми кор нек аст.
-Иншоолоҳ.
-Агар, ки чунин аст, бароятон барори кор хоҳонам, - гӯён ман аз ҷой бархестам.
-Шояд омадани Матлубаи Гурезро интизор мешудед.
-Гумон мекунам, ки дар танҳоӣ шумо бо вай тезтар забон як мекунед.
-Намедонам, намедонам.
-Дар амони худо бошед, - гӯён ман ба тарафи дар ҳаракат намудам,
-Ақалан занг заданро фаромӯш накунед.
-Кӯшиш мекунам, - гӯён ман аз дафтари кории муфаттиш баромадам...
...6...
-Ҳоло ҳамин хел гӯед.
-Ҳамин хел.
-Модоме ки Худованд худ ҳисобашро бо вай баробар намудааст, магар шарт аст коҳи кӯҳнаро бод кардан?
-Дар назди қонун ҳама баробаранд ва давлат то даме, ки қотилро пайдо накунад, ором шуда наметавонад.
-Пас чаро ҳамин давлати мегуфтагиат дар вақташ ҷазои он нобакорро надод.
-Давлатро гунаҳкор кардан аз рӯи инсоф нест.
-Набошад, дар он ҳодиса кӣ гунаҳкор буд?
-Намедонам.
-Намедонед ё аз гуфтани сухани рост метарсед?
-Намедонам.
-Модоме ки намедонед, чӣ тавр бандаро пайдо намудед.
-Бо мушкилоти зиёде.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё