Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Мо интизорем.
Баъди даҳ дақиқаи интизори ҳамон нафаре, ки номаро оварда буд, сабти овозро ҳам оварда, ба дасти Ғуломов дод...
...38...
-Шахсияти соҳиби телефонро муайян кардед?
-То андозае.
-Нафаҳмидам.
-Тёмная лошадка.
-Гумон доред, ки тиҷораташ барои чашмбандист?
-Ҳамин хел аст.
-Хулосаи хешро бо чӣ асоснок мекунед?
-Ӯ соҳиби ду қасри кошӣ, ду мошини хориҷӣ ва ду зану ҳашт фарзанд аст. Тиҷораташ бошад, дар як дӯкони на чандон калон ҷо ба ҷо шуда.
-Шояд дар дигар ҷо ҳам дӯкону мағозаҳо дорад.
-Санҷидем, ягон чиз надорад. Гуфтам-ку ҳамааш шуда як дӯкони на чандон калони фурӯши пойафзол.
-Бо қонун ягон маротиба рӯ ба рӯ шудааст?
-Не, ҳатто андозро ҳамеша сари вақт месупорад.
-Пас чӣ тавр мо метавонем чунин як шаҳрвандеро, ки боре ҳам аз хатти рост набаромадааст, боздошт намоем?
-Боздошт намуданаш душвор, вале агар муддате ӯро ба зери назорат гирем-чӣ?
-Бе ягон далел ҳаргиз прокурор ба ин амал розӣ намешавад.
-Ба назди прокурор рафтан маъние надорад, вале...
-Вале чӣ?
-Мо метавонем аз қафои вай назорати оперативӣ барем...
-Чанд муддат?
-Намедонам, вале гумон мекунам, ки тайи чанд рӯзе мо метавонем доираи шахсонеро, ки бо вай додугирифт доранд, муайян намоем. Аз ҳамон лиҳоз ба хулосае омада метавонем.
-Чӣ хел аз ҳамон лиҳоз?
-Ба ман бигӯ, ки дӯстат, кист то ман бигӯям ту чӣ касӣ.
-Хулосаи аҷиб, ба ростӣ то кунун чунин хулосабарориро нашунида будам.

пешина
аз 429
навбатӣ