Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

...
-Шахсе, ки дар ягон ҷо кор намекунад, чӣ тавр метавонад чунин маблағро ба даст орад? - паст наомада сухани хешро чун далели шайъӣ ба самъи ҳозирин расонида гуфт муфаттиш.
Баъди анҷоми кофтуков мо бо шахсони холис худоҳофизӣ намуда, аз нав ба прокуратура омадем.
Муфаттиш сари мизи кориаш нишаста ба пурсиши Турсуни Маҳмуд, ки назар ба соатҳои аввали боздоштшавиаш хеле хастаҳолтар менамуд, пардохт.
-Яъне, ки мошинро ба шумо кадом як рафиқатон дод, то онро ба дасти соҳибаш бурда супоред? - боз риштаи суханро ба даст гирифта пурсид муфаттиш.
-Ҳамин хел.
-Ному насаби шахсе, ки аз шумо чунин хоҳиш кард.
-Насабашро намедонам, номаш Исмоил.
-Бо ӯ аз кай боз шиносед?
-Ду-се моҳ шуд.
-Аз кӣ будани мошинро ҳам, албатта, медонед.
-Ҳа.
-Ному насаби соҳиби мошин?
-Аброр Воҳидович.
-Фамиляаш.
-Намедонам.
-Чанд вақт боз бо ӯ шиносед?
-Қариб ду моҳ шуд.
-Чӣ тавр бо ҳам шнос шудед?
-Бо кӣ?
-Бо Аброр Воҳидович.
-Моро амаки Исмоил шинос намуд.
-Исмоил худаш чӣ кора аст?
-Ӯ дасти рости Аброр Воҳидович аст.
-Чӣ худи Аброр Воҳидовичи гуфтагиат даст надорад?
-Ба фикрам, маро дуруст нафаҳмидед.
-Набошад, одитар карда гап занед, то мо ҳам фаҳмем.

пешина
аз 429
навбатӣ