Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Амаки Исмоил одами корчаллон аст. Ба қавли Аброр Воҳидович ӯ ҳатто аз кайк ҳам пӯст гирифта метавонад.
-Акнун мегуфтед, ки мошинро кай ва аз куҷо гирифтед?
-Гуфтам-ку онро аз пеши бонки “Ҳосилот” гирифтам.
-Худ ҳамин хел рафта савори он шудед.
-Не, сари субҳ амаки Исмоил занг зада гуфт, ки ба Теппаи Самарқандӣ рафтанист ва хуб мешуд, ки ӯро то он ҷо мебурдам.
-Пурсидам, ки ба куҷо биёям? Гуфт, ки бо мошини шеф меравем ва мошин дар пеши бонки “Ҳосилот” истодааст. Омада калидҳояшро гир, ман дар наздикии хонаи хизмати маишии “Садбарг” туро интизор мешавам. Сипас ба назди амаки Исмоил рафтам, ӯ гуфт, ки Аброр Воҳидович вайро ҷеғ задааст, агар наравад, кори нохуб мешавад. Сипас ӯ калидҳоро ба дасти ман дода, хоҳиш кард, ки рафта мошини шефро гирифта, ба Теппаи Самарқандӣ равам. Дар он ҷо мӯйсафеде ӯро интизор будааст.
Амаки Исмоил дар як коғазе чизе навишта, ба дастам дода гуфт, ки аз мағоза сад метр болотар равам ва чун мӯйсафед омад, ӯ мошинро мешиносад, ҳамин коғазчаро ба дасташ медиҳӣ ва ҳар чӣ ки ба бордони мошин гузошт, гирифта меорӣ.
-Дар хатча чӣ навишта шуда буд?
-Чун хатча бо алифбои арабӣ навишта шуда буд, ман онро хонда натавонистам.
-Яъне, чӣ будани борро ҳам намедонистед?
-Намедонистам.
-Пас чаро дар дидбонгоҳ ба ишораи корманди БДА итоат накарда гурехтӣ?
-Чунки ҳуҷҷатҳоямро дар хона фаромӯш карда будам.
-Модоме ки ҳуҷҷат надоштед, чаро ба сари чанбарак нишастед?
-Ба амаки Исмоил гуфтам, ки ҳуҷатҳоямро фаромӯш намудам, шояд рафта онҳоро биёрам, вале ӯ хандида гуфт: “Турсунбой аҷаб марди соддае ҳастӣ.” Эътироз намудам, вале он кас гуфтанд, ақли кӣ мегирад, “Мерседес 600”-ро боздоранд. Ба замми ин, ӯ манро бовар кунонид, ки мӯйсафед бисёр интизор намешавад, борро бошад овардан лозим.
-Борро бояд ба куҷо мебурдед?

пешина
аз 429
навбатӣ