Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Мошинро бояд бурда, ба ҷои аввалааш мегузоштам ва сипас аз телефон-автомат ба амаки Исмоил занг мезадам.
-Барои ин “хизматҳоят” бояд ба шумо чанд пул медоданд?
-Дар ин бора ягон маслиҳате набуд.
-Ин хел бошад, ана ба ин ҳуҷҷат шинос шавед.
-Ин чист?
-Ин аризаи соҳиби мошин дар хусуси дуздида шудани он.
-Бовар намекунам.
-Ба ариза нигаред, шояд ин хату имзо бароятон шинос аст.
Боздоштшуда варақаро ба даст гирифта, ба қироати он пардохт.
-Хуш бовар кардед?
-Ба номи Худо қасам, ки ман ҳамаашро рост гуфтам.
-Ман ҳам мефаҳмам, ки шумо рост гуфтед, вале ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки чаро дӯстонатон ба чунин амалӣ ноҷавонмардона даст задаанд.
-Намедонам.
-Онҳо акнун ҳама гуноҳро ба гардани шумо бор кардан мехоҳанд ва агар хоҳед, ки тафтишот нисбат ба шумо ҳолатҳои сабуккунандаро амалӣ намояд, бояд бо мо ҳамкорӣ намоед.
-Чӣ хел ҳамкорӣ?
-Ҳақиқатро пинҳон накунед.
-Ман ҳамаашро гуфтам, боз чӣ хел ҳақиқат мехоҳед?
-Мо донистан мехоҳем, ки кадоме аз “бародарони калониатон” тариқи шумо мехост номаеро ба беморе аз беморхонаи панҷуми шаҳрӣ диҳад.
...
-Огоҳ мекунам, он нома дар дасти мост ва боз...
-Боз чӣ?-ниҳоят нигоҳашро аз фарш бардошта пурсид мусоҳиби мо.
-Беҳтар мешуд, ки худ рафти воқеаҳоро баён месохтед, дар он сурат мо ба шумо бештар бовар мекардем...
-Ман аз мавҷудияти нома хабаре надорем, вале бо хоҳиши нафаре баъзе мевагиҳо ва чанд шиша оби “Шоҳамбарӣ”-ро бояд бурда ба беморе аз ҳуҷраи бистуҳафт медодам.
-Ному насаби бемор?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо