Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ба ростӣ, омадани шумо захми дили маро дубора тоза намуд.
Рафту агар хабари марги вайро намешунидам, ба гумон буд каломе баҳри шумо ба забон орам.
-Ман асли воқеаро ба шумо гуфтам, дигар ихтиёр шуморост.
-Чӣ хел ихтиёр марост?
-Дар асл мо ба ёрии шумо ниёз дорем.
-Ман худ замоне ҷабрдида будам ва чӣ хеле ки аллакай гуфта гузаштам, касе ба додам нарасид. Ба таври дигар гӯем, муҳаббати бармаҳали мани гесубурида танҳо дар дилам доғ монд. Он шабу рӯз банда дар чашми ҳама чун зоғи ало будам. Аз ғаму дарди зиёд баъди чанд моҳ падарам бо олами ҳастӣ падруд гуфт. Оҳ чӣ қадар ӯ мехост, ки ҳуқуқҳои духтари беақлашаро дифоъ намояд, вале натавонист, чунки камбағал буд.
-Чӣ, магар шумо худ бегуноҳ будед?
-Гуноҳи мани беақл ҳамин, ки ба суханони вай бовар намуда, гумон кардам, ки муҳаббати вай ҳам самимист.
-Оё шумо медонистед, ки ӯ зану фарзанд дорад?
-Медонистам, вале ӯ ба ман ваъда дод, ки ҳамсараш сазовораш нест ва нияти аз вай ҷудо шудан дорад.
-Аз кадом лиҳоз ҳамсараш сазовораш набудааст?
-Ӯ як духтари қишлоқӣ будааст.
-Барои ҳамин бояд аз ҳамсараш ҷудо мешудааст?
-Ҳа албатта, охир ҳамсари кас бояд баробари худаш бошад ва ӯ доим бандаро бо як сухан тасалло медод.
-Шуниданаш мумкин.
-Албатта, Мирзо мегуфт, ки бо гуноҳи падару модар худро пойбанди духтараки деҳотие намуда, ҳатто як сухани хуберо низ ҳамеша замзама мекард.
-Сурудро гӯед.
-Ӯ доим мегуфт, афсӯс ки волидайнаш пеш аз ба хостгори рафтан суханони “Деҳ марав, деҳ мардро ахмақ кунад, ақлро бенуру бе равнақ кунад”-ро ба ёд наовардаанд ва акнун ҷазои беандешагии онҳоро ман мекашам. Ҳамеша баъди гуфтани ин суханон ӯ рост ба чашмони ман нигариста мегуфт:
-Ту он туҳфаи Худованд ҳастӣ, ки тақдир бароям фиристода.
-Шумо бошед, ба ҳама суханони вай бовар кардед?
-Ҳамон вақт ман ӯро чун ситораи бахти хеш дидам.

пешина
аз 429
навбатӣ