Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ному насабашро намедонам. Он кас ба ман гуфт, ки бурда ҳамин халтаро ба беморе, ки дар ошёнаи дуюм, ҳуҷраи бистуҳафт ҳаст, медиҳӣ. Ман ба он ҷо рафтам ва нафареро дар пеши дар дидам, ки тариқи телефон ба куҷое ҳисобот медод. Фаҳмидам, ки милиса аст ва нахостам худро ошкор созам. Бинобар ин, боз ба ошёнаи якум фаромадем ва ҷавонзани зебоеро дидам. Ба ростӣ, аз дидани он ҷавонзан дилам фишурда шуд. Ман, ки шаш моҳ пештар аз ҳамсарам ҷудо шуда будам, дидани ҷавонзанро фоли нек пиндошта, назди вай рафтам ва матлабамро баён намуда гуфтам, ки шод мешудам, агар бону халтаро бурда ба бемори ҳуҷраи бистуҳафт медод. Ман ба ӯ гуфтам, ки худам халтаро мебарам, вале овардани доруро фаромӯш кардам ва бо халтаи вазнин ба беморхона рафтан душвор аст...
Чун ба назди он мард баргашта гуфтам, ки дар пеши дари бемор милиса истодааст, вай манро огоҳ намуд, ки роҳи беморхонаро ба куллӣ аз ёд барорам. Новобаста аз ин баъди ду рӯз ман боз ҳамон ҳамшираи шафқатро дар даромадгоҳи бозори “Зарнисор” дидам. Ҷавонзан бандаро дида шинохт вале ман худро тарзе вонамуд намудам, ки гӯё бори аввал ӯро мебинам...
-Ному насаби он марде, ки иҷрои он амалро ба душатон гузошт.
-Амаки Исмоил.
-Ӯро бо бемор чӣ иртиботе буд, албатта намедонед, - пурсидам ман.
-Инаш рост, он чиро ки намедонам, намедонам.
-Дар шароите, ки тамоми ҷаҳонро буҳрони иқтисодӣ фаро гирифтааст, мо як чизро нафаҳмидем.
-Чиро?
-Аз куҷо он панҷ ҳазор доллари амрикоӣ ба дохили радиои кӯҳнаи шумо даромад?
...
-Чаро хомӯш шудед? - пурсид Нӯшини Азиз.
-Ба фикрам, ба ин савол ҷавоб гуфтан душвортар аст, - ба ҷои боздоштшуда ба суоли муфаттиш посух гуфтам ман.
-Рафиқ капитан, тавре сухан мегуед, ки гӯё якҷоя бо боздоштшуда он пулҳоро ба даст овардаед, - бо нимтабассуми зебое гуфт муфаттиш.

пешина
аз 429
навбатӣ