Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аслан мо ҳам якҷо будем, охир дар ин бора ҳафтае пеш ман бо шумо гуфта будам.
-Агар аз ёдам нарафта бошад, гуфта будед, ки Қиёми Абдулхайр худаш ба гарав гирифтани ҳамсарашро ташкил намудааст.
-Айнан ҳамин хел аст.
-Пас чаро эшон (муфаттиш бо ангушташ боз ба тарафи боздоштшуда ишора намуд) дар бораи Қиёми Абдулхайр тасаввуроте надорад?
-Чунки эшон аз гуфтани ҳақиқат метарсад. Агар дар ёдатон бошад, ҳамшираи шафқат гуфта буд, ки нафаре ин халта дар даст ба аёдати бемор омад, манро дар рӯ ба рӯи зинаҳои пеши даромадгоҳ дид. Аз ин бармеояд, ки эшон умуман вориди беморхона нашуда, аллакай хабар дошт, ки бемор дар зери назорат аст. Дуюм ин ки баъди халтаро гирифтани кормандони милиса ҳамшира аз рафти воқеаҳо огоҳ шуда, ба ҷустуҷӯи нафаре, ки вайро ба бало андохт, баромад. Гумон мекунам, аз дур ҳам бошад, ҳамин эшони гуфтагиат ба рафти ҳодисаҳо сарфаҳм рафта, аз он маҳал думро хода намуд...
-Ба инаш чӣ мегӯед? - ин даъфа нигоҳашро ба сӯйи боздоштшуда дӯхта пурсид муфаттиш.
-Ман бе ҳимоячӣ дигар каломе ба забон нахоҳам овард.
-Ихтиёр доред, - гӯён муфаттиш ба қисми аввали суҳбат нуқта гузошт.
...41...
-Яъне, ки аз навиштани ариза оид ба рабудани мошини тамғаи
01 “Мерседес 600” рақами давлатиаш Е 83-75 РТ хабар надоред?
-Надорам. Охир худам чунин мошин надошта бошам, аз куҷо донам?
-Ариза аз номи соҳибмулк Зайдов ба тавсиб расидааст, аминам, ки ин ном ба шумо шинос аст.
-Албатта.
-Муносибати шумо бо эшон дар кадом поя қарор дорад?
-Бо Аброр Воҳидович?
-Бале.
-Мо чандин сол боз нону намакхӯри ҳамдигарем. Дар корҳои тиҷорат ҳам гоҳ-гоҳ дастамон мегирад.

пешина
аз 429
навбатӣ