Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба кадом навъи тиҷорат шумо машғулед?
-Савдои чакана.
-Албатта, дӯкони хешро доред.
-Дар як гӯшаи бозор ду метр ҷой дорем.
-Ду метр?
-Ҳа, ду метр чун дар қабристон.
-Гумон, мекунам, доираи фаъолиятатон дар тиҷорат бо ҳамин анҷом намеёбад.
-Нафаҳмидам.
-Нағз фаҳмидед.
-Чиро дар назар доред?
-Аз дохили ҳамин мошине, ки дӯсти шумо дар бораи рабуданаш қариб қиёматро ба по хезондааст, панҷ кг маводи сахттаъсири навъи героин ёфта гирифта шуд.
-Ин суханонро чаро ба ман мегӯед?
-Дигар ба кӣ ҳам гӯем? Модоме ки ронанда дар нишондодаш овардааст, ки бо супориши шумо рафта он борро овардааст.
-Бо супориши ман?
-Бале, бо супориши шумо.
-Ин ҳамааш туҳмат аст, туҳмат!
-Мо ҳам бовар мекардем, агар шуморо намешинохтем.
-Ман бори аввал шуморо дида истодаам, пас чӣ хел манро мешиносед?
-“Овозаи Рустам беҳ аз Рустам” гуфтаанд ва то ба ин ҷо омаданатон мо хеле ва хеле дафтари рӯзгоратонро варақ задем.
-Хуш, баъди ин ҳама давутозҳо ба кадом хулоса омадед?
-Як сухани хеле ҳам маъмул ҳаст.
-Чӣ хел сухан?
-“Ҳар ҷо ки расид, паи пойи қатаған, на зинда Ватан ёбаду на мурда кафан”...
-Яъне, ки маро напурсида аллакай хулосаи хешро гуфтед. Оё намедонед, ки ман метавонам талаб намоям, то шуморо аз ин кор бартараф намоянд?
-Метавонед, вале як чизро ман бояд дар лаҳзаи охири фаъолиятам ҳам ба шумо гӯям.
-Чиро?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо