Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ба ростӣ, худи шайтони алайҳилаъна ҳам бояд назди шумо кулоҳ аз сар бигирад.
-Ман инро ҳамин хел намемонам! Чӣ тавр бе далел шумо метавонед тоҷиреро, ки аз доираи қонун набаромадааст, гунаҳкор созед?
-Инро ба касе гӯй, ки туро нашиносад.
-Аққалан ҳурмати синну соли маро ба ҷо биёред.
-Афсӯс ки синну солатон ҳам рафта бошад, то кунун дарк накардаед...
-Чиро?
-Он чиро ки ҳурмати кас дар дасти худи ӯст. Аслан агар арз намоед, ки маро аз дида баромадани ин парванда барканор намоянд, шод мешавам, чунки намехоҳам бо нафаре, ки барои манфиати шахсиаш дӯстони наздикашро бешармона ба вартаи ҳалокат тела медиҳад, суҳбате дошта бошам.
-Ман он суханамро пас мегирам, дурусттараш аллакай онро пас гирифтам.
-Ба кадом хотир?
-Якум ин ки гург ҳамааш бӯр, дуюм мегӯянд, ки душмани доно беҳ аз дӯсти нодон.
-Афсӯс ки мо доно ҳам нестем, рафту агар доно мешудем, кайҳо пеши макру ҳилаи худатро мегирифтем. Рафту агар пеш аз иҷрои амале астағфирулоҳ мегуфтию шайтони алайҳилаънаро аз худ дур мекардӣ, ҳаргиз ба чунин аҳвол намеафтидӣ.
-Хайр мо бад кардем, пас чаро шумо ҳам бадиро раво мебинед?
-Қонун чаҳорчӯбаи муайяни хешро дорад. Агар аз ҳамон чаҳорчӯба пойро берун гузоштед дер ё зуд ҷавоби онро додан лозим меояд, акнун боз мегардем ба сари масъалаи аслӣ.
-Хуш, гуноҳи банда чист?
-Хуб мешуд, ки шумо он рози ниҳонро ошкор мекардед.
-Гуфтам-ку ман гуноҳе надорам ва агар бандаро бо худам шиносонданӣ бошед, садди роҳатон нахоҳам шуд.
-Чӣ илоҷ, модоме аз карда пушаймоние надоред, мо дур нарафта, ҳодисаи ҳаминрӯзаро, ки худ тарроҳи асосиаш ҳастед, ба ёд меорем.
-Зид нестам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо