Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Зид будану набудани шумо ба рафти ҳодиса дигар таъсире расонида наметавонад. Акнун мегуфтед, ки оё шумо Турсуни Маҳмудро мешиносед?
-Бори аввал чунин номро мешунавам.
-Ин ҳамон нафарест, ки ин субҳ шумо калидҳои мошини “Мерседес”-ро ба дасташ дода, хоҳиш намудед, ки ба Теппаи Самарқандӣ равад ва на танҳо ин.
-Боз чӣ?
-Он хатчаи бо ҳуруфи арабӣ барои соҳиби бор фиристодаатон ҳам дар дасти мост.
-Ман бо ҳуруфи арабӣ навишта наметавонам, пас чӣ тавр метавонам чунин хатча фиристам.
-Инаш чандон аҳамият надорад.
-Чаро?
-Ман аллакай гуфтам, ки шайтон ҳам макру ҳилаҳои шуморо дида, дар пешатон кулоҳ аз сар мегирад. Ҳаминаш басанда аст, ки шумо он мактуби бо дасти дигарон тайёрнамудаатонро бе дастпӯшак доштаед ва бо ин амалатон изи ангуштон, арақи даст ва бӯйи баданатонро дар он коғази безабон баҳри тафтишот ба ёдгор мондаед.
-Барои шахсро гунаҳкор кардан ин гуфтаҳои шумо далел шуда наметавонанд.
-Бисёр хуб. Рафту худи Турсуни Маҳмуд шуморо шиносадчӣ?
-Агар шумо ман ва ё аксамро ба вай нишон дода бошед, албатта, мешиносад.
-Дузд гумони дуздӣ мекунаду ғар гумони ғарӣ.
-Ман ҳеҷ гумон ҳам накардаам, вале борҳо шунидаам, ки аз дасти милиса ҳар кор меояд.
-Акнун дар амал хоҳед дид, ки чунин нест.
-Аз худ фаришта натарошед, ман нафаронеро медонам, ки барои нафъи хеш ба ҳамаи муқаддасоте, ки давлат ба зиммаашон гузоштааст, туф намудаанд.
-Хуб аст, ки шумо ҳама чизро аз нигоҳи хеш қиёс кардан мехоҳед. Аслан ҳам бояд чунин бошад, охир аз кадом кунҷе ба ҳолномаи шумо назар афкандем, ба ҷуз доғи сиёҳ дигар чизеро надидем, чунки рафтори шумо ба гуфторатон мувофиқ нест.

пешина
аз 429
навбатӣ