Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бе далел сухан гуфтан ба шаъни ҳомии давлат намезебад.
-Шумо ба қаҳрамони ҳамон афсонае монандед, ки ҳар кӣ бо вай рӯ ба рӯ меомадааст, алабатта, ба фалокате дучор мешудааст.
-Афсонаҳо зиёданд, кадомашро дар назар доред?
-Ҳамоне, ки қозиро аспсавор дида, худро ба зери кӯпрук гирифта?...
-Ман, ки гуноҳе надорам, чаро пинҳон мешудам?
36
-Чунки қадами шумо чун қадами Маҳмуд номуборак аст.
-Хоҳиш мекунам, бе далел сухан нагӯед.
-Чӣ илоҷ? Модоме ки худ аз гуфтани ҳақиқат сарпечӣ мекунед.
-Ман сарпечӣ накардаам.
-Шуд! Акнун даматонро гирифта гӯш андозед. Замоне шумо дар як автобазаи калон ба ҳайси механик ифои вазифа менамудед.
Ман ҳайронам, ки бе дониши техникӣ шумо ба ҷуз категорияи ронандагии “В” дигар маълумоте надоред, чӣ тавр тавонистед, ки чунин як вазифаи масъулиятнокро ба душ гиред?
-Бо ин савол беҳтар мешуд ба роҳбарияти ҳамондавраи автобаза муроҷиат мекардед.
-То ман худам савол надиҳам, каломе ба забон набиёр, вагарна забонатро канда мепартоям. Фаҳмо!
-Фаҳмо.
-Акнун ба ман бигӯед, ки дар ҳамон солҳо сармеханики автобаза кӣ буд?
-Фариддуни Зоҳир.
-Нозим Ятимро ҳам, албатта, мешиносед.
-Мешинохтам.
-Чаро дар нисбати эшон тариқи замони гузашта сухан мегӯед?
-Гӯё ки шумо намедонед.
-Чиро?
-Он чи ки ӯро панҷ сол пеш парондаанд.
-Ӯро кӣ паронда бошанд?
-Ман аз куҷо донам?

36
Матлаб Маҳмуди Ғазнавӣ ва шеъри шоири бузурги форсу тоҷик А.
Фирдавсист, ки дар нисбати эшон гуфта:-“Қадами номубораки Маҳмуд,
ба ҳар куҷо ки расид, баромад дуд”.

пешина
аз 429
навбатӣ