Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Чун шумо аз сармеханик пурсон шудед, ман гумон кардам, ки ӯ ба шумо хабар додааст.
-Фарз кардем, ки банда аз ҳодисаи панҷ сол пеш рухдода огоҳам ва акнун дониста мехоҳам, ки муносибати шумо бо маҳрум дар кадом поя қарор дошт?
-Мо рафиқи наздик ҳам набошем, вале муносибати дӯстона доштем.
-Марги вай барои тафтишот ҳоло ҳам муаммост, оё шумо гуфта метавонед, ки ба кадом хотир қасд ба ҷони ӯ намудаанд?
-Аз куҷо донам?
-Дар бораи Қиёми Абдулхайр чӣ гуфта метавонед?
-Замоне падари ӯ сарвари автобазаи мо буд.
-Мегӯянд, ки Нозим Ятим ӯро ниҳоят даст гирифтааст.
-Аслан дар ин кор ман миёнарав будам, чунки мехостам заррае ҳам бошад қарзи инсонии хешро дар назди руҳи падари бузургвораш адо намоям.
-Чӣ хеле ки мегӯянд, нобасомониҳои зиндагӣ гиребонҳоро ба подоман ва подоманҳоро ба гиребон табдил дод, ба таври дигар гӯем аспҳо ҳама пушти дар мондаву харҳо бологузар шуданд.
-Чиро дар назар доред?
-Гап дар сари он меравад, ки замоне Фариддуни Зоҳир сармеханик буду Нозим Ятим ронандаи одӣ. Чун вақту соаташ омад, Нозим Ятими тоҷир собиқ сармеханикро дар кӯча машғули аробакашӣ дида, ӯро барои кор ба офисаш даъват намуд. Албатта, ӯ мехост ба собиқ сармеханик ёрӣ диҳад, вале худи Фариддуни Зоҳир ба вай ҳамкорӣ кардан нахост. Акнун ба шумо савол: Чаро ӯ нахост бо Нозим Ятим ҳамкорӣ кунад?
-Аз куҷо донам, шояд маоши пешниҳоднамудаи эшон ба Фариддун маъқул нашудааст.
-Дар бораи маош ҳатто сухан ҳам нарафта будааст.
-Ин хел бошад, намедонам.
-Пас чаро Қиёми Абдулхайр аз ҳамкорӣ бо вай даст накашидааст?
-Намедонам.
-Чунки дуюмӣ аз нақшаи кашидаи шумо берун набаромадааст, чунки ҳар нафареро, ки шумо ба дом кашидед, оқибат ба бало гирифтор намудед.

пешина
аз 429
навбатӣ