Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Гуноҳи ман чист?
Нозим Ятим таваҷҷуҳи собиқ сармеханикро ба кори ояндааш дида, чунин посухаш гуфта:
-Медонед, ба ҳама ин комёбиҳо ман чӣ хел ноил шудам?
Фариддуни Зоҳир ҷавоби инкор додааст.
Нозим Ятим боз гуфтааст: - Вақте ки одамони нек бандаро ба ҳамкорӣ даъват намуданд, чун шумо напурсидам, ки он чӣ корест ва чӣ хеле мебинед афсӯс ҳам намехӯрам...
-Нафаҳмидам, он чӣ коре будааст?
-Он ҳамон коре будааст, ки субҳи имрӯз барои овардани бор Турсуни Маҳмудро фиристодеду чун ӯ ба даст афтод, бо роҳбаладии худи шумо илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ гуфта ариза навиштед, ки шахсони номаълуме мошинро дузиданд, вале тиратон хок хӯрд, чунки мошини шуморо ҳам дар ҳамон лаҳзаи занозанӣ камераи назорати беруна бо рақамаш ба навор гирифта.
Акнун мегуфтед, ки чӣ тавр мошини шумо дар чорроҳаи рӯ ба рӯи Институти ба номи Султон Умаров пайдо шуд?
...
-Чаро даматонро гирифтед: - Гап занед!
-Ман ба тарафи ҳазрати Мавлоно рафтанӣ будам, шояд аз ҳамин рӯ бошад.
-Фақат нагӯед, ки ҷанҷоли ронанда ва милисаҳоро надидед.
-Ман ба роҳ нигоҳ мекардам, на ба атроф.
-Чун боздоштшуда Турсуни Маҳмуд шуморо шарики “стратегӣ” дар амалҳои ғайриқонунии хеш ном бурд, мо наметавонем ба он суханони саропо саршори меҳр аз паси панҷа нигарем. Бинобар ин, аз ҳамин лаҳза шуморо боздошт мекунем.
Аминам, ки дар байни чор девори бетонӣ имконияти пурраи ба ёд овардани ҳодисаро пайдо мекунед,-ниҳоят гулӯ рӯшан намуда гуфт муфаттиш.
-Ман гуфтам, ки ҳеҷ гуна Турсуни Маҳмудро намешиносам.
-Инро ҳозир мо месанҷем, вале муҳим он аст, ки ӯ шуморо, шиносад, хоҳед ба таври расмӣ шуморо рӯ ба рӯ намоем?
...
-Дидед ҳақиқат чӣ гуна талх аст? Ҳатто забонатон аз гуфтор монд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо