Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Рафиқ капитан, ба навбатдор супориш диҳед, ки Исмоили Мискинро омада ба ИВС баранд. Протоколро дар бораи боздошт намуданаш ман имзо мекунам.
-Хуб шудааст, - гӯён ман гӯшаки телефони дохилиро бардоштам ва суханони муфаттишро ба самъи навбатдор расонида, хоҳиш намудам, ки китоби протоколҳои боздоштшавиро ба дафтари кории ман биёрад.
Муфаттиш протоколро, ки аз се қисм иборат буд, пур намуда, ба дасти навбатдор дод ва барои бурдани боздоштшуда рухсат дод.
Баъди рафтани боздоштшуда Исмоили Мискин муфаттиш гуфт, ки чӣ тавр ӯ аз гирифтани он хатчаи бо ҳуруфи арабӣ навишташуда ва аз ба навор афтодани мошини боздоштшуда огоҳ нест.
-Ман ҳам дар ин бора хабаре надорам.
-Чӣ хел хабар надоред?
-Хат умуман вуҷуд надошт, камераи назорати беруна дар он самти роҳ нест. Инро ҳуҷуми психологӣ мегӯянд, ки на ҳар кас ба зарбаи он тоб меорад.
-Зинда бошед, рафиқ капитан, ба ростӣ, ман ҳам бовар намуда будам:
-Дурӯғ воситаи ҳуҷум, - хеле аҷиб хандида гуфт Нӯшин.
-Ҳуҷуми психологӣ.
-То ҷое, ки банда фаҳмидам, ин ҳофизи худозада сарахбори ҳамаи нокомиҳост.
-Сари ин масъала боз хоҳем баргашт, вале ман мутмаин бар онам, ки ӯ бегуноҳ нест.
-Собит намудани гуноҳҳои ӯ осон нест.
-Ҳамааш ба вақт вобаста.
-Шояд боз як таваккал намоем.
-Чӣ хел таваккал?
-Боз як ҳуҷуми психологӣ.
-Моро ба муқобили вай дигар далеле дар даст нест, пас чӣ тавр метавонем ҳуҷум намоем.
-Гуфтам-ку ҳуҷуми психологӣ, фарз намудем ӯро дар марги Нозим Ятим айбдор намоем?
-Ҳама гуна ҳуҷум, бигзор он ҳуҷуми психологӣ ҳам бошад, бояд асоси воқеи дошта бошад, вагарна боиси шикасти худи ҳуҷумкунанда гардиданаш мумкин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо