Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Таваккал ҳам роҳу равиши хешро дорад. Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки обро бину мӯза каш...
-Яъне, ки буду шуди гапро гуфтем.
-Бале.
-Дар куҷое хонда будам, ки яке аз омилҳои асосии ғалаба ин ҳуҷуми ногаҳонист.
-Ин ҳақиқатест, ки ба баҳс ниёз надорад. Акнун мо намегузорем, ки гурӯҳи ҷинояткор нафасашро рост кунад. Агар шумо розӣ бошед, мо боз Қиёми Абдулхайрро барои пурсиш даъват намоем.
-Чаро Зайдовро нею Қиёми Абдулхайрро.
-Чунки маҳз ӯ сабаби ташкил намудан ва ба гарав гирифтани ҳамсарашро медонад. Ба замми ин, ӯ дар зери назорати беруна аст.
Шояд назоратро пай бурдаву эҳтиёткор шуда бошад. Хуб мешуд ки яку якбора ба ҳуҷум мегузаштем ва ҳам худ ва ҳам вайро аз ин “гирдоб” берун меовардем.
-Зид нестам...
...42...
-Маро ба ҳоли худам гузоред. Аслан метавонистам, ҳадафи он тир ман бошам, вале офаридгор онро ба синаи дигаре зад, акнун то рӯзи қиёмат шумо аз домони банда дошта мегардед. Чаро ҳамаи инро аз он гесубуридаи сабукпой нею аз ман мепурсед? Ман аллакай гуфтам, ки он шаб дар Бишкек будам. Ба фикрам, ҳаминаш басанда аст, ки домани маро сар диҳед, - баробари пой ба остонаи дафтари кории муфаттиши прокуратура гузоштан ултиматуми аввалини хешро чун борони нобаҳангом ба сари мо рехтанӣ шуда изҳори нигаронӣ намуда гуфт Қиёми Абдулхайр.
-Ором шаведу гузашта шинед, - курсиеро нишон дода гуфт муфаттиш.
-Беҳтараш ман рост меистам.
-Тарбияи бадан фарз аст, ҳоло ки вақт ҳаст гузашта шинед, боз кӣ медонад, кай бароятон чунин имконият даст медиҳад?
-Шуморо нафаҳмида истодаам, ё куштори он худозадаро ба сари ман бор кардан мехоҳед?
-Шумо худ чӣ андеша доред? - паст наомада гуфт муфаттиш.
-Ман?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо