Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бо шикасти бахти дигарон баҳри хеш бахт ҷустан аз камоли хирад нест.
-Ҳамон вақт падару модарам ҳам маро огоҳ намуда гуфта буданд, ки ба бахти дигаре зомин нашав духтарам, вале суханони онҳо аз як гӯши ман даромадаву аз дигараш чун бод баромада рафтанд.
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки ҳамаи он шӯру валвалаи бардоштаи шуморо сабаб чӣ буд?
-Наход то ба ин ҷо омадаву дар ин бора хабар надошта бошед?
-Бовар намоед ҳамин хел аст. Ман бошам танҳо суроғаи шуморо пурсон шудам. Ҳатто онҳое, ки аз ин моҷаро воқиф буданд, ба кадом хотир бошад, ки ба даҳон об гирифтанро алвотар донистанд.
-Аҷиб.
-Чи ҷои тааҷуб?
-Ман ҳам дар ҳамин андешаам, ки чаро онҳое, ки ба хотири ҳамкасби хеш шуда, аз ҳақиқат рӯй гардониданд, ин даъфа сояи бандаро аз девор натарошиданд.
-Намедонам.
-Чӣ хеле ки гуфтам, банда шефтаи суханони ӯ шуда, дар вохӯрии сеюм худро таслимаш намудам. Чу баъди ду моҳ ӯ фаҳмид, ки ман сарторик шудам, ҷомаро чаппа пӯшид.
-Шумо чӣ чора андешидед?
-Чун ӯ аз банда дурӣ ҷуст, ба ҷойи кораш рафтам ва ба роҳбари факулта шикоят намудам. Он кас ваъда доданд, ки чорае меандешанд, вале ба суханашон вафо накарданд.
-Охир он касро ҳам фаҳмидан мумкин.
-Аз кадом лиҳоз?
-Роҳбари факулта медонист, ки зердасташ пойбанди никоҳи қонунӣ аст ва ба замми ин фарзанд дорад.
-Охир ман ҳам ба вай фаҳмондам ки дар кадом вазъ қарор дорам, ё нигоҳи қонун дар ин бора дигар аст.
-Дар назди қонун ҳама тифлон баробаранд ва давлат дар ҳама ҳолат пуштибонии онҳоро ба душ мегирад, хоҳ онҳо аз никоҳи қонунӣ ба дунё омада бошанд, хоҳ беникоҳ.
-Яъне, ки тифл гунаҳкор нест?
-Нест.

пешина
аз 429
навбатӣ