Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Бале, шумо.
-Гуфтам-ку гуноҳе надорам.
-Инро мо аллакай шунидем, вале гуфторатон ба рафторатон монанд нест.
-Агар гунаҳкор бошам, метавонед бандаро боздошт намоед ва агар не, чаро чунин сухан мегӯед?
-Дараҷаи гуноҳи шумо, то ба кадом андоза аст, чизе гуфтанӣ нестем, чунки ин сирри тафтишот аст, вале хотиррасон мекунам, ки ҳаргиз бегуноҳеро мавриди муҷозот қарор надодаем.
-Пас гуноҳи ман чист?
-Ба ин савол ҳеҷ кас аз худи шумо дида беҳтар ҷавоб дода наметавонад.
-Рафту ман каломе ба забон наорам-чӣ?
-Он каломро дигарон ба забон меоранд, вале дар он сурат шумо бисёр чизҳоро бой медиҳед.
-Ба андешаи шумо он чӣ “дуррест,” ки ман вайро бой хоҳам дод?
-Андеша дар ин ҷо нақше намебозад, вале ҳастанд ҳолатҳое, ки қонун манфиати гунаҳкорро ҳимоя мекунад.
-Кадом ҳолатҳо.
-Ҳолатҳои сабуккунанда. Масалан, ба гуноҳи хеш иқрор шудан, аз кирдори ба анҷомрасонидаи хеш пушаймон шудан, ба тафтишот ёрӣ додан.
-Дар акси ҳол чӣ мешавад?
-Гуноҳ дайн карда мешавад ва бо нишон додани ҳолатҳои вазнинкунанда “фикри айбдорӣ” ба суд фиристода мешавад. Суд дар вақти баровардани ҳукм наметавонад андешаҳои тафтишотро дар бораи ҳолатҳои кор сарфи назар намояд.
-Ман ки дар шаби рух додани ҳодиса дар ҷумҳурӣ набудам, чӣ тавр метавонам ба тафтишот ёрӣ диҳам?
-Шумо худ нағз медонед, ки бузро ба пои худаш меовезанду гӯсфандро ба пои худаш. Ё бори аввал ҳамин суханро мешунавед?
-Ман медонам.
-Ин тавр бошад, ин дафъа мо шуморо ба сифати кӣ мепурсем?
-Ба сифати шоҳид.
-Не, наёфтед, ин даъфа мо шуморо ба сифати гумонбаршуда мепурсем. Шумо ҳуқуқ доред ки...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо