Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Муфаттиш ҳуқуқҳои гумонбаршударо чун ҳалқаҳои шадда пай дар пай ба гӯши мусоҳибаш овехта, ҳатто пеш аз оғози суҳбати расмӣ имзои “мубораки” эшонро ҳам гирифт...
-Ман ба шумо бовар мекунам, ба ҳимоячӣ эҳтиёҷе надорам, - ниҳоят рози дар қалбаш ниҳонро баҳри мо кушода гуфт гумонбаршуда.
-Пеш аз оғози суҳбати расмӣ мехостем шуморо бо матни гуфтугӯи телефоние шинос намоем.
-Сабти гуфтугӯи телефонӣ?
-Бале, - гӯён муфаттиш тугмачаи диктофони дар гӯшаи мизаш бударо пахш намуд...
-Гӯш мекунам.
-“Ин ман.
-Ақлатро хӯрдӣ магар?
-Мехостам ҳамин чизро аз шумо пурсам...”
-Шуд, шуд, - давоми сабтро гӯш кардан нахоста, эътироз намуд мусоҳиби мо ва Нӯшин тугмачаи дигареро зер намуда “ҷони” эшонро аз шунидани суҳбати худаш раҳо сохт.
-Чӣ, маъқул нашуд? - пурсидам ман.
-Шумо аз қафои ман назорат мебурдед,-баъди хомӯшии начандон тӯлоние пурсид Қиёми Абдулхайр.
-Аслан мо мехостем бехатарии шуморо таъмин намоем, чунки гумон доштем он тири шуми субҳи якуми ноябр садо дода...
-Ҳоло чӣ? - сухани бандаро бурида гуфт мусоҳибам.
-Ҳама кор вақту соати хешро дорад, вақташ ояд мо, албатта, хулосаи хешро хоҳем гуфт.
-Чаро шумо сирри тафтишотро ба дигаре арзонӣ доштед? - боз риштаи суханро ба даст гирифта пурсид муфаттиш.
...
-Ман аллакай шуморо огоҳ намудам, ки хомӯш истодан бар зарари худи шумост, - ба даҳон об гирифтани мусоҳибашро дида гуфт Нӯшини Азиз.
-Ин таърихи хеле дуру дарозест, - нигоҳашро аз фарш наканда гуфт Қиёми Абдулхайр.
-Мо ба ягон ҷо шитоб надорем.
-Аслан падари ман марди шикастнафасе буд. Новобаста аз он ки ӯ то мансаби сарвари як автобазаи калон расида буд, вале мо ҳеҷ гоҳ зиндагии дуруст надоштем.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо