Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Бо азобе рӯзамонро пеш мебурдем. Модарам қариб, ки ҳар рӯз дар сари падарам чормағз мешикаст, ё ба таври дигар гӯем, ӯро барои иҷрои амале водор мекард, вале қиблагоҳам илоҳо ҷояш ҷанат бошад, ҳамеша бо қироати ду мисраи шеър:
Нафси бадро ҳарчи сераш мекунад, Дар гунаҳ кардан далераш мекунад, Ба қавле ба даҳони модарам санг мезад.
Чӣ хеле ки ман дар вохӯрии гузашта гуфта будам, яке аз ҳамкорони собиқи падарам манро ба назди ҳамкори дигараш бурд ва аз ӯ хоҳиш кард, ки дар зиндагӣ дастам бигирад.
Лутфу марҳамати эшонро дида гумон намудам, ки дар зиндагӣ шахси аз онҳо наздиктаре надорам ва суханони аз забони қиблагоҳам шунидаро ба ду дона ҷави пучак қадр накардам...
-Агар шуморо дуруст фаҳмида бошем, аз рӯи лутфу марҳамати дӯстони падаратон шумо пой ба болои қонун гузоштед,
- мусоҳибашро ба гуфтугӯи минбаъда водор намуда гуфт муфаттиш.
-Ҳамин хел.
-Он чӣ амале буд, ки ба рағмаш баромада натавонистед.
-Тиҷорат.
-Пайғамбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) тиҷоратро хуш дошт ва мо ҳеҷ нафаҳмидем, ки чаро нигоҳи шумо ба тиҷорат чандон хуш нест.
-Тиҷорат аз тиҷорат фарқ дорад. Шумо инро аз ман беҳтар медонед. Бо як дӯконча, албатта, зиндагии як оиларо сару нӯг бурдан мумкин, вале на беш аз ин.
-Дӯстони падари шумо чӣ, оё тиҷорати онҳо ҳам барои чашмбандӣ буд?
-Бале.
-Дар асл онҳо ба чӣ кор машғул буданд?
-Ба интиқоли маводи мухаддир.
-Дар он “бозӣ” шумо чӣ нақше доштед?
-Нафаре, ки вориди майдони футбол мегардад, чӣ нақшеро мебозад.
-Яъне, ки бозингар будед.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо