Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Бале, аз рӯи вазъи ба амаломада нақши ба зиммаам гузоштаро иҷро мекардам.
-Баъд чӣ шуд?
-Мегӯянд, ки оббозро об мекушаду морбозро мор.
-Рӯшантар карда гап занед.
-Дӯсти падарам, ки дасти бандаро гирифта буд, мақоми гурӯҳи дигареро дар бозори сиёҳ танг карданӣ шуда, дар шикасти амалиёти онҳо саҳм гузошт ва бо ҳамин амалаш ба марги хеш имзо намуд.
-То кадом андоза ин хабар асоси воқеӣ дорад ва чаро шумо гумон доред, ки ин кори дӯсти падаратон аст.
-Чунки дӯсти падарам ин амали нопоки хешро тариқи банда ба сомон расонид.
-Пас чаро шуморо не, балки ӯро ба ҳалокат расониданд?
Корманде, ки хабарро тариқи телефон гирифт, гумон мекунам овози шахси бегонаро шинохт, маҳз ҳамин ҳолат шояд сабаб гардиду вай ба хулосае омад, ки худи хабаркаш ба ӯ чандон боварӣ надорад, аз ҳамин лиҳоз ӯ баъди амалӣ шудани хабари гирифта эҳтимол аз давлат мукофот ҳам гирифт ва хабаркаши нолоиқро, ки метавонист худашро ҳам рӯзе ба дигаре фӯрушад ё амсоли ин, ба нашъаҷаллобон ошкор кард. Албатта, бо ин васила ҳам ӯ худ дар соя монд. Ман намедонам чӣ тавр Нозим Ятим пойбанди вай гашта буд, вале мутмаинам, ки қабулкунанддаи хабар аз дӯсти падари ман қарздор ҳам буд. Чун эшон марди аз гармию сардии рӯзгор бохабар буд, тайи чанд соле сабр намуд ва сипас аз миёни атрофиёни Нозим Ятим соҳиби овозро ҷуст, ки баъдтар, албатта, ман боз сари ҳамин масъала бармегардам.
-Яъне, ӯ боз шуморо ҳам дарёфт?
-Чӣ хеле гуфтам, аз ду сар мо боз сари ин масъала хоҳем баргашт, ҳоло беҳтар мебуд, ки мо сари кирдорҳои Нозим Ятим ва нафаре, ки ӯро ба нашъаҷалобон фурӯхт, суҳбат мекардем.
-Чаро Нозим Ятим худаш нею аз “хизмати” шумо истифода бурд ва он чӣ амалиёте буд, ки шумо марги дӯсти падаратонро ба он алоқаманд карданӣ мешавед.
-Дар ёд дошта бошед, панҷ сол пеш дар ағбаи Аспандоз воқеъ дар қаторкӯҳҳои Пётри1 ва Дарвоз аз тарафи кормандони милиса қариб 50 кг маводи сахттъасири героин мусодира карда шуд. Дар рафти амалиёт се нафар интиқолдиҳандагони ин мавод бинобар муқовимати мусаллаҳона ба мақомотҳои қудратӣ ба ҳалокат расонида шуда буданд ва як нафари дигар ҷон ба саломат бурда.

пешина
аз 429
навбатӣ