Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ана ҳамин амалиёт дар асоси хабари Нозим Ятим ба мақомоти милиса тарҳрезӣ шудаву амалӣ гардида буд. Он рӯз ӯ манро ҳамроҳ ба як гӯшаи шаҳр бурд. Мо назди телефон-автомате таваққуф намудем ва Нозим Ятим гуфт, ки мехоҳад рақибонашро, ки ҷойи ӯро дар бозор танг намудаанд, ба милиса супорад ва аз ман ёрӣ талаб кард. Чун банда аз эшон меҳрубониҳои зиёде дида будам, эътирозе накардам ва ӯ сукути бандаро аломати ризо пиндошта мақсадашро баён кард. Сипас ӯ аз ман хоҳиш кард, ки дар телефон чӣ бигӯям ва худ чанд рақамро дар диск чид ва ман суханҳои пешакӣ аз забони вай шунидаро барои милисаҳо тӯтивор такрор намудам...
-Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки чӣ тавр онҳо аз милиса он хабарро гирифтаанд ва бо кадом нарх? - пурсид муфаттиш.
-Оё шумо хабар доред ё не, дар амалиётҳои мазкур миллионҳо сомонӣ дар гардиш аст ва нафаре, ки аз нӯшидани шир сӯхт, албатта, дуғро пуф-пуф карда менӯшад. Гуфтам-ку онҳо шикасти амалиёти хешро пурра санҷида баромаданд ва ба фикрам, маблағи зиёде сарф намуда, хабарро ҳам хариданд.
-Ин ҳеҷ мумкин нест, - эътироз намуда гуфтам ман.
-Пас бигӯед, ки чӣ тавр онҳо то ба ман баромаданд? - ба ҷои ҷавоб савол дод Қиёми Абдулхайр.
Чунинашро интизор набудам. Ба ҳар ҳол шикасти хешро ҳис намуда гуфтам, ки намедонам.
-Онҳо манро тариқи овозам ёфтанд, мефаҳмед?
-Нафаҳмидам.
-Нафаре ба ман занг зада гуфт, ки дар қуттии почтаам дискеро гузоштааст ва онро гирифта гӯш кунам, чунки соате пас ӯ боз занг хоҳад зад. Номашро пурсидам, вале ӯ ба гуфтугӯ нуқта гузошт.
Ман ба ошёнаи якуми бино фаромада, қуттии почтаро кушодам ва дискро гирифтам. Чун ҳамсарам дар хона набуд, ҳамоно дискро омодаи тамошо намуда, чашм ба экрани телевизор духтам, вале ба нохост овози худамро шунидам: - Алло ин милиса...

пешина
аз 429
навбатӣ