Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-“Ба шумо хабаре дорам, корвонеро ки дар борааш суҳбат доштем, субҳи фардо дар ағбаи Аспандоз интизор шавед. Онҳо чор нафаранд... Бале, ҳамаашон мусаллаҳ.” Соате пас боз телефони дастиам садо дод ва нафаре ки аз гузоштани “туҳфа” бароям хабар дода буд, гуфт:
-Ба фикрам гуноҳатро фаҳмидӣ?
-Кадом гуноҳамро, шумо кистед ва аз ман чӣ мехоҳед?
-Бо гуноҳи ту аблаҳ устодатро панҷ сол пеш ба ҷаҳанам фиристодем, ба замми ин се ҷавонмард ҷони хешро дар ағбаи гуфтагиат аз даст доданд, боз мегуӣ, ки ҳеҷ чизро намефаҳмӣ?
Барои ҳамин гапро зиёд накарда, дар муддати се шабонарӯз панҷоҳ ҳазор доллари амрикоиро тайёр намо. Ним соат пеш ҳамсаратро ҳам ба гарав гирифтем, вале мо ба ӯ коре надорем, фақат кори туро осон намудем, то гумон набарад, ки шавҳараш агенти милиса аст.
Бигузор ӯ гумон созад, ки худат қаҳрамон ҳастию баҳри озод намуданаш панҷоҳ ҳазор долларро сарф кардаӣ. Ҳама мисли худат беақл нестанд. Рафту агар ба милиса хабар диҳӣ, оқибат туро ёфта, ба пӯстат коҳ ҷой мекунем. Баъди чанд дақиқа ҳамсарат ба худат занг мезанад ва худро тарзе вонамуд намоед ки гӯё нав аз ҳодиса хабардор шудаед? Фаҳмо!
-Фаҳмо,-гуфтам ман ва гуд-гуди телефонро шунида онро хомуш намудам...
-Хуш, пулро чӣ хел додед?
-Ҳамон тарзе ки дар нишондоди аввалаам гуфта будам.
-Ба андешаи шумо нафаре, ки аз ағбаи Аспандоз фирор намуда буд, кӣ будани хабаркашро медонист.
-Гумон намекунам, вале ӯ ба ҳар ҳол сардорашро огоҳ намудагист, ки милисаҳо дар камингоҳ омадани борро интизорӣ доштанд.
-Пас чӣ тавр онҳо то ба дӯсти падарат Нозим Ятим расиданд?
-Нозим Ятим марди бад набуд, ӯ бо кадом роҳе набошад, дасти ёру дӯстонашро мегирифт, вале камбудиаш дар он буд, ки ягон сухан дар замираш пинҳон намемонд.
-Ӯ ҳатто асрори ниҳони хешро ба андешаи шумо бо дигаре арзонӣ доштааст, гӯед.
-Ба фикрам, ҳамин хел аст, шояд дар ёфтани ин хабари тақдирсоз ҳам касе ба ӯ “ёрӣ” дода бошад ва сипас...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо