Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Сипас чӣ?
-Сипас бо як тир ду нишон задааст.
-Яъне...
-Нозим Ятим ба бисёр ёру дӯстонаш қарзҳои калон дода буд ва аҷаб нест, кадоме аз қарздоронаш...
-Кадоме аз қарзадоронаш ӯро паронда бошад?
-Не, кадоме аз қарздоронаш ӯро ба гурӯҳи нашъаҷалобони шикастхӯрда фурӯхта бошад.
-Шумо медонед, ки он гандумнамои ҷавфурӯш кист?
-Не.
-Ҳатто тасавур ҳам намекунед.
-Не.
-Турсун Маҳмудро мешиносед?
-Бори аввал чунин номро мешунавам.
-Ин ҳамон нафарест, ки дастовез ва номаро баҳри шумо оварда буд ва мехост онро тариқи ҳамшираи шафқат ба ҳуҷраи хобатон дарорад.
-Не, намешиносам.
-Дарвоқеъ, вайро ҳам баъди се-чор рӯзи ба беморхона омаданаш бо панҷ кг маводи мухаддир дар мошини тамғаи
01 “Мерседес-600” рақами давлатиаш Е83-75 РТ дастгир намуданд, вале аз ҳама аҷибаш он аст, ки яке аз дӯстони деринаи шумо, ки эшонро низ даст гирифтааст, калидҳоро ба вай дода, баҳри овардани бор ӯро фиристодааст ва чун ӯ ба даст афтидааст, ҳамоно ташкил намуда ариза навиштаанд, ки гӯё шахсони номаълум мошинро дуздиданд. Магар ҳамин аст оини ҷавонмардӣ?- гуфтам ман ва дар ин бора андешаҳои Қиёми Абдулхайрро донистан хостам.
-Чун шумо на танҳо тамға, балки рақами мошинро бехато гуфтед, ман наметавонам ба гуфтаҳоятон бовар накунам. Ман ҳатто медонам, кӣ ба вай ёрӣ расонидааст. Ин ҳамон нафарест, ки замоне дасти банда гирифтаю ба назди Нозим Ятим бурда буд.
Ақлу заковати чунин нафаронро дида, шайтон ҳам баҳри таъзимашон кулоҳ аз сар мегирад, вале ман ҳеҷ бовар намекунам, ки онҳо аз болои нафаре, ки аз иҷрои амрашон саркашӣ накардааст, ариза навишта бошанд.

пешина
аз 429
навбатӣ