Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Аризаи эшон ҳам дар ҳамин ҷост, агар хоҳед, онро ба шумо нишон медиҳем, - гуфт муфаттиш.
-Лозим нест.
-Набошад, ному нафари шахсе, ки ҳангоми дар беморхона буданатон бароятон нома фиристод?
-Ному насаби вайро кайҳо шумо медонед, агар надонед гуфтаниам, ки ӯ ҳамон соҳиби мошини рабудашуда аст.
-То кунун байни мо ихтилофоте набуд ва хоҳиш мекунам ба саволҳо ҷавоби аниқ диҳед.
-Зайдов Аброр Воҳидович, ӯ ҳам дӯсти Нозим Ятим буд ва боз мисли эшон тоҷир...
-Тиҷорати эшон аз куҷо сарчашма мегирад?
-Намедонам.
-Муносибати эшон бо Нозим Ятим пеш аз шиносоӣ бо шумо ба вуқӯъ пайваста буд ё пас аз он?
-Пеш.
-Ӯ низ дар тиҷорат дасти шуморо гирифтааст ё не?
-Дар замони дар қайди ҳаёт будани Нозим Ятим не.
-Баъд чӣ?
-Баҳри аз гарав озод намудани ҳамсарам ӯ ба ман бист ҳазор доллари амрикоӣ дод.
-Бо кадом фоиз.
-Панҷ фоиз.
-Чаро ҳамин миқдор пулро бо нархи дуюним-се фоиз аз бонк нагирифтед?
-Барои бонк чӣ қадар ҳуҷҷатгузорӣ лозим, ин ҷо бошад бе ягон ҳуҷат.
-Ҳатто бе забонхат.
-Бале.
-Пас чаро ба ивази некиҳояш тариқи телефон ба ӯ суханони дурушт гуфтед.
-Дигар ба ӯ чӣ ҳам мегуфтам, модоме ки худаш тариқи як ҷумлаи аблаҳона таваҷҷуҳи милисаро бедор кард.
-Ҳоло муносибататон бо Исмоили Мискин дар кадом поя қарор дорад?
-Чун ӯ замоне дасти ман гирифтааст, нигоҳам нисбати эшон мусбист.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо