Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Агар риёро монда, рӯи Худо гап занем?
-Ӯ марли дурӯяест, ки ба хотири манфиати хеш аз ягон пастию палидӣ рӯй намегардонад.
-Дар ҳодисаҳои ба сари шумо омада даст дорад.
-Ман аллакай гуфтам, ки бе далел наметавонам аз касе гумонбар шавам.
-Ба ҳар ҳол шубҳае дар дилатон ҳаст.
-Шубҳа ин ҳанӯз анҷоми кор нест.
-Дарди инсонро инсон мебардорад, оё беҳтар нест, ки шубҳаи хешро бо мо бубинед?
-Аз ин танҳо захми дили ман тоза мешавад.
-Намедонам, вале шумо худро сабуктар ҳис хоҳед кард.
-Аз чунин инсонҳо, ҳарчанд онҳоро инсон гуфтан ҳам ҷоиз нест, хафа шудан маъние надорад. Дар ин кор ман худам гунаҳкорам, чунки пойбанди нафс гаштам. Мардуми ҳарису чашмгурусна ҳаргиз қаноатпеша шуда наметавонанд. Ману дӯсти падарам Исмоили Мискин ҳам аз зумраи ҳамин гуна мардумонем.
Чӣ илоҷ, ки ҳамаи ин дар сиришти мо аз азал навишта шуда. Дӯсти падари ман замоне дасти банда гирифт, вале ӯ низ аз манфиати банда дар канор намонд. Вақте ки ман дар кӯчаи Бинокорон хона харидам, дурусттараш он хонаро бо ташаббуси амаки Исмоил гирифтам ва чун худ дар Чорбоғ зиндагӣ мекардам, эшон як шиноси тоҷирашро ба он хона овард.
-Ин ҳодиса пеш аз марги Нозим Ятим буд ё баъди он?
-Хонаро ду моҳ пеш аз марги Нозим Ятим гирифта будам, иҷоранишин бошад баъди марги эшон ба он хона кӯчида омад.
-Дар нишондоди пештараатон гуфта будед, ки шумо аз вай иҷорапулӣ намегирифтед.
-Бале, гуфта будам, вале гумон мекунам, ки амаки Исмоил худаш аз вай иҷорапулӣ мегирифт. Вақте ки се сол пеш мо ба он манзил кӯчиданӣ шудем, ин амаламон, ба гумонам, ба эшон хуш наомад, ҳарчанд инро рӯйрост ҳам нагуфт, вале ман ҳис намудам, ки эшон ранҷид ва маҳз ҳамин амали банда оғози ҳамдигарнофаҳмии мо гашт.
Баъдтар фаҳмидам, ки амаки Исмоил аз ҳамон марди афғон қарздор шудааст ва дуюмӣ бо духтари вай издивоҷ намудааст. Гап дар сари издивоҷ ҳам намеравад, агар он мард муҷаррад мебуд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо