Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Инаш ҳам дарди бахайр мебуд, агар духтар аз шавҳараш
37 намебаромад. Дар интиҳо духтари эшон кетари шуд. Бояд иқрор шуд, ки ҳанӯз дар замони дар қайди ҳаёт будани Нозим Ятим ҳамон духтарро Аброр Воҳидович нияти зани дуюм намудан дошт, вале Садбарг (духтарро чунин ном буд) ба гапи касе гӯш накард.
-Пас чӣ шуд, ки ӯ ба марди дигаре сар фаровард?
-Зар ба сари фулод ниҳӣ нарм шавад, шояд марди афғон ба вазни ӯ зар дод ё шояд қарзҳои падараш ниҳоят зиёд буд, ки дигар илоҷе наёфту ҷони падар харид, вале ин ҳама андеша аст...
-Пас чаро ӯ аз шавҳар ҷудо шуд?
-Амаки Исмоил бар он андеша буд, ки дар сардии байни Садбаргу шавҳараш Мирзои Абдураззоқ сабабгор аст.
-Чӣ хел сабабгор?
-Инашро ман намедонам.
-Муносибати Исмоили Мискин ва Мирзои Абдураззоқ вақтҳои охир чӣ хел буд?
-Чун пештара.
-Ақли кас намегирад.
-Шояд он ҳама бофтаю тахайюлоти худи Исмоил Мискин буд, шояд Мирзо Абдураззоқ гуноҳе надошт, охир чӣ хеле гуфтам Садбарг духтари хурд набуд, ки ба кирдорҳои содиркардаи хеш баҳо дода натавонад.
-Дар аввали суҳбат гуфтед, ки метавонистам ҳадафи он тир ман бошам, аз ин бармеояд, ки метавонистед он ҳадаф шумо набошед.
-Сирри ғайбро ба ҷуз Худованд, касе намедонад.
-Пас сухани шуморо чӣ хел фаҳмем?
-Ба фикрам, сухани хешро бар он нагуфтам, ки он ҳадаф ман будам, гуфтам, ки метавонистам он ҳадаф ман бошам. Фарқи худи ҳадаф аз назарияи эҳтимолии он байни замину осмон аст.
-Оё худи Мирзои Абдураззоқ метавонист худ ҳадафи аслии қотил бошад?
-Чаро не?
-Далеле оварда метавонед.
Кетари-даст ба даст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо