Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Пас чаро ҳамон мӯйсафеди ба қавле аз гармою сармои зиндагӣ бохабар ҳамин ҳолатро ба инобат нагирифт?
-Чунки ӯ ҳамааш шуда роҳбари як факултаи донишгоҳ аст, на қозӣ.
-Ман дар назди қозӣ ҳам будам.
-Чӣ ӯ ҳам шуморо гӯш накард?
-Гӯш кард, вале гуфт, ки дар амалҳои Мирзои Абдураззоқ ҷиноятеро намебинад.
-Сабабашро ҳам албатта гуфтагист?
-Гуфт, ки чун ман худам ихтиёран таслими вай шудаам, ба замми ин, ҳангоми таслимшавӣ духтари болиғ будам, қонун барои ҳимояам дасткӯтоҳ аст.
-Қонун ҳам, албатта, нозукиҳои хешро дорад, ва онҳое, ки дар амалӣ намудани он ваколат доранд, наметавонанд аз доираи муайякардашуда берун бароянд.
-Пас тақдири инсон чӣ мешавад?
-Надонистани қонун албатта ҷавобгариро истисно намекунад ва баҳри ба чунин варта наафтидан андешаи бармаҳал аз манфиат холӣ нест.
Шояд мусоҳибам боз чизе гуфтан мехост, вале садои тифл аз дохили гаҳвора ӯро аз ин амал боздошт.
-Бубахшед, ман ҳозир, - гӯён мусоҳибам аз ҷой бархест ва сари гаҳвораи тифлаш рафт...
Ин ҳамон тифле буд, ки бечора модар барои дифои ҳуқуқҳояш чӣ шӯру валвалае набардошт. Албатта, дар ин ҷо тифл метавонист пайвандагари дилҳо гардад, вале нигоҳи онҳое, ки сабабгори ба олами ҳастӣ омадани вай шуданд, ба зиндагӣ якранг набуд...
Мусоҳиби ман ки акнун сари гаҳвораи тифлаш менишаст, ба ҷуз худ ҳамаро айбдор медонист. Ба андешаи вай ҳатто сабабгори марги падараш ҳам ҳамин беқонуниятӣ будааст, ҳарчанд чунин андеша аз нигоҳи ман мутлақо хатост. Шояд ҷавонзан ба эҳсосоти зиёде дода шуда, ҳатто аз ёд баровардааст, ки агар теғи олам биҷунбад зи ҷо, набурад рагеро нахоҳад Худо...
Шояд падар ҳам дар тарбияи ӯ ба хатое роҳ дода, вагарна кӣ дидааст, ки духтари мусулмон бе риояи рукнҳои динӣ худро таслими марде созад, ки ӯро зану фарзанд ва хонаи обод аст.
-“Муҳаббат, мефаҳмед, муҳаббат” - нидо омад аз замирам.

пешина
аз 429
навбатӣ