Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Дар зоҳир Мирзои Абдураззоқ марди чор кас медидагӣ буд, ба ҷуз симои зебо ва дониши хуб, боз марди суҳбаторо буд, ба таври дигар гӯем, ӯ гули сари сабади маҳфилҳо буд, вале дар ботин ӯ тамоман акси гуфтаҳои боло буд. Дур нарафта ба ёд меорам суханони ҳамон вақт гуфтаи амаки Исмоилро, ки эшонро дар сардшавии муносибати духтару домодаш гунаҳкор медонист.
Рафту агар ҳолномаи Мирзои Абдараззоқро варақ зада бошед, бояд ба хулосае биёед.
-Чӣ хел хулоса?
-Ба ҳамон хулосае, ки илму дониш ва санъати маҳфилороӣ ҳама дар назди адаб ночизанд. Чун мардро тоҷе бо номи адаб дар сар нест, вой бар ҳолаш.
-Оё гуфтанӣ нестед, ки эй ҷавони беадаб, умрхӯрӣ ту як ваҷаб.
-Чун худ ин ҷумларо ба ёд овардед, бандаро қудрате баҳри баҳс нест. Фақат ҳаминро гуфтаниам, он ки ба дари бегона бо ангушт зарба зад, ҷавобашро бо мушт хоҳад гирифт.
-Яъне, ки аз рӯи амалҳои нопокаш ҳаёти эшон ҳам сари як мӯй буд.
-Кӯза на ҳама вақт аз лаби об беосеб бармегардад ва инро ҳар нафаре, ки аз доираи ахлоқ берун пой мениҳад, бояд донад.
-Аз ин бармеояд, ки чандин кас дар хуни эшон “ташна” буд.
-Кӣ медонад?
-Мо донистан мехоҳем, ки бо кадом сабаб шумо яку якбора нияти азми сафар ба хориҷи кишвар намудед. Кӣ шуморо ба ин роҳ ҳидоят намуд?
-Ин ҳамон нафарест, ки баҳри банда ба беморхона нома фиристода буд.
-Ӯ ба шумо чӣ гуфт?
-Гуфт, ки ба ҷони банда хатар таҳдид мекунад ва хуб мешуд, ки ҳарчи тезтар аз кишвар мебаромадам.
-Манбаи ахбори гирифтаашро напурсидед?
-Ҳамон бист ҳазор доллари қарзии ба ман додааш кифоя буд, ки ба вай бовар намоям, охир рафту ба сари ман ягон балое меомад, кӣ қарзи вайро бармегардонд?
-То андозае ҳақ ба ҷониби шумост, вале чаро пеш аз сафар дар фурудгоҳ ба гӯши ҳамсаратон гуфтед, ки рафту касе телефон карда аз ман пурсон шуд, гӯед ки ба Кӯлоб рафтаасту шояд дертар баргардад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо