Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ин ҳам як талаби Аброр Воҳидович буд. Ман гумон намудам, ки ӯ ба ин васила шахсияти нафаронеро, ки қасд ба ҷони банда намуданианд, муайян кардан мехоҳад.
-Мо донистан мехостем, ки чӣ тавр аз ҳодисаи ба сари Мирзои Абдураззоқ омада шумо хабар ёфтед?
-Аброр Воҳидович ба ман нома фиристод. Дар нома ҳамааш кушоду равшан гуфта шуда буд.
-Охир ӯ аз куҷо медонист, ки шумо ба Бишкек рафтаед?
-Модоме, ки ӯ бист ҳазор долларро ба ман бе ягон забонхат дод, модоме ки ӯ аз хатари ба ман таҳдид намуда истода бохабар шуд, пас чӣ мушкилие дорад муайян намудани хатсайри парвоз. Ба ивази даҳ доллар нафароне ҳастанд, ки виҷдонашонро мефурӯшанд, на ин ки шахси бегонаро. Шояд, ӯ бо чунин роҳ тариқи кадом як корманди бевиҷдони фурудгоҳ ба куҷо рафтани манро муайян намуда буд. Чун мо ҳарду якҷоя ду маротиба ба шаҳри Бишкек рафта будем ва дар меҳмонхонаи “Манас” маскан гирифта, эшон низ хулосаи хеш бар он бароварда ки ман дар куҷоям. Ин ҳамаро аз худаш мепурсидед, беҳтар буд. Банда фақат ҳаминро гуфтаниам, ки Зайдов на ман, балки қарзҳои додааш ва фоизи онҳоро аз инфлятсия (беқурбшавӣ) ҳимоя кард.
-Хатро тариқи почта фиристод?
-Не, онро бо дасти нафаре, ки бо сайрхати навбатӣ ба Бишкек парвоз намуда буд, фиристод ва эшон онро рост ба дасти маъмури меҳмонхона бо тамоми қоидаҳояш супоридааст.
-Чӣ хел бо тамоми қоидаҳояш?
-Шумо гумон насозед, ки гирифтани чойпулӣ танҳо одати кормандони меҳмонхонаҳои мост, мардуми қирғиз ҳам дар ин амал аз мо камие надоранд, умуман дар тамоми дунё иҷрои ҳама гуна корҳои майда-чуйда бе чойпули амалӣ намешавад.
-Яъне, ки хатро шумо аз дасти маъмур гирифтед?
-На танҳо хатро.
-Боз чиро?
-Ӯ гуфт, ки тайи чанд рӯз аст, ки милисаҳои шаҳри Бишкек аз қафоям назорат бурда истодаанд. Ба фикрам, нафари мактубро бурда чойпулиро аз ҳадди муқарраршуда зиёдтар дода буд. Ин буд, ки баъди шиносоӣ бо мазмуни нома ман онро оташ задам.

пешина
аз 429
навбатӣ