Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ хеле гуфтам, пул истеҳкомҳои бузургро ҳам рахна мекунад...
-Аҷиб, нафаре шуморо надидаю нашинохта ба маъмур чойпулӣ медиҳад.
-Ӯ як ҳам дода бошад, даҳ гирифтааст.
-Аз кӣ?
-Аз нафаре, ки бояд панҷ фоиз аз пули ба ман додааш даромад мегирифт. Агар чойпулии додаи вайро бо фоидаи фоизе, ки бояд мегирифт, қиёс намоем, ин як ҳиссачаи ночизе мешавад.
-Аз суҳбат бо шумо чандин маротиба мо аз нӯги ресмон гирифта, нияти ба сарчашма расидан намудем, вале ҳар даъфа аз пешамон дарёи калоне мебарояад, ки нӯги дигари ресмон ба қаъри он фуру рафта...
-Магар ба инаш ҳам ман гунаҳкорам ё мехоҳед бағалатонро аз чормағзи пуч (нишондоди бардӯруғ дар назар аст) пур кунам?
-Инро мо намехоҳем, вале мехоҳем, ки дар асоси нишондоди шумо ба хулосаи аниқ биёем ва ба ҳамаи ин бесарусомониҳо нуқта гузорем.
-Гумон доред, ки банда садди роҳатон шудаам.
-Не, вале мехоҳем бо ёрии бевоситаи шумо он нӯги ресмони дар қаъри дарё бударо бе осеб бардорем.
-Чӣ магар ба саволҳоятон посухи нодуруст гуфтам?
-Мо ин хел нагуфтем.
-Пас сабаб чист, ки аз ҷавобҳои гуфтаи ман қаноатманд нестед?
-Сабабаш он ки натиҷаи кор аён нест.
-Ман тайёрам аз рӯйи фаҳмишам ба ҳамаи саволҳоятон посух гӯям.
-Донистан мехостем, ки ҳангоми дар Бишкек буданатон бо кӣ алоқаи телефонӣ доштед?
-Чӣ тавр метавонистам ман бо касе алоқаи телефонӣ барқарор намоям, дар сурате, ки ба умеди зинда мондан аз Ватан пинҳонӣ фирор намуда будам.
-Бо ҳамсаратон чӣ?
-Ин тамоман масъалаи дигар аст ва баъди гирифтани он номаи пурсӯзу гудоз ман тобу тавонро аз даст дода, ба ҳамсари бевафоям занг задам.

пешина
аз 429
навбатӣ