Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Яъне, ки бехатариро ба як сӯ гузошта, талоқи ҳамсаратонро чун тавқи лаънат ба гарданаш овехтед.
-Баъди гирифтани он нома, ман чӣ хеле гуфтам тобу тавонро аз даст додам.
-Як ҳолат моро ором намегузорад.
-Кадом ҳолат?
-Чӣ хеле аллакай гуфта гузаштем, дар ҳарду ҳодисае, ки бо шумо пайвастагӣ дорад, аз як яроқ истифода бурдаанд. Бояд гӯям, онҳое, ки ба ҷинояти вазнин аз қабили одамкушӣ даст мезананд, баъди иҷрои амали хеш кӯшиш мекунанд, ки ҳарчи тезтар аз яроқи истифодабурдашуда халос шаванд. Дар мавриди дигар онҳое, ки баҳри иҷрои амале бо роҳи ғайриқонунӣ ҳам бошад яроқ мехаранд, бояд кафолати тозагии онро аз фурӯшанда бигиранд. Чунин қоидаи нонавишта асрҳо боз вуҷуд дорад ва ҳатто онҳое, ки пой ба болои қонун мегузоранд, ба он арҷ мегузоранд, ин ҷо бошад ба ҷои захмҳои кӯҳнаро рӯипуш намудан, баръакс онро тоза намуданд...
-Дар ин бора чизе гуфта наметавонам.
-Шарҳу эзоҳи дигареро дар нисбати ба гарав гирифтани ҳамсаратон пеш оварда метавонед?
-Ман аллакай дар ин бора ҳамаашро гуфтам.
-Ягон нафаре аз онҳоеро, ки бо шумо дар тамос шуданд, мешиносед?
-Сабабашро гуфтам, вале кию чӣ кора будани онҳоро намедонам.
-Ба андешаи мо, бовар кунед, ин фикр ҳам ба сари банда нав омад, масъалаи ба гарав гирифтани ҳамсаратон, фиристодани диск, талаб намудани маблағ, барои гарав нақши дасти нафари ба шумо аз наздик шинос аст.
-Бовар намекунам.
-Акнун мегуфтед, ки оё шумо ба ягон кас ба маблағи калон қарз додаед?
-Соле пештар ба дӯсти қиблагоҳам ба маблағи дувоздаҳ ҳазор доллар қарз дода будам, вале чун пул ба худам лозим шуду ба назди эшон рафтам, узр пурсида гуфт, ки дар айни вақт имконияти баргардонидани қарзро надорад.
-Оё дӯсти қиблагоҳатон аз қарзи гирифтаи шумо аз Зайдов хабар дошт?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо