Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Албатта, чунки ман бо тавсияи эшон ба назди Аброр Воҳидович рафта будам...
...43...
Муфаттиш ин дафъа ба қавли хеш устувор истода натавонист ва бо гирифтани забонхат барои аз ҷой зист нарафтан бо Қиёми Абдулхайр худоҳофизӣ намуд...
Ба дерии вақт нигоҳ накарда мо боз муддате сари андешаҳои хеш мондем. Чунки нишондоди Қиёми Абдулхайрро боз аз сару бар варақ задан лозим меомад. Ҳар он чи ки аз забони эшон шунидем, санҷиши мукаммалро талаб мекард, вале ҳама гуна ҳуҷум дар ин самт бе нақшаи стратегӣ ба монеаҳо дучор шуда метавонист. Аз ҳамин лиҳоз аввалин шуда, муфаттиш муҳри хомӯшии ба вуқуъпайвастаро шикаста гулӯ рӯшан намуд...
-Хуб мешуд, ки шумо, рафиқ капитан, нуқтаи назари хешро дар ин бора баён мекардед.
-Мо наметавонем ба Қиёми Абдулхайр бовар накунем.
-Бо шумо ҳамфикрам.
-Пас чӣ бояд кард?
-Акнун дер шуд, беҳтар мешуд, ки сари субҳ аз нав ба пурсиши Исмоили Мискин шуруъ мекардем.
-Пурсиши ӯро боз ками дигар ҳам ба таъхир андохтан лозим.
-Чаро?
-Бе пурсиши Зайдов ва боз бе гирд овардани баъзе маълумотҳои дигар дар атрофи ҳофиз бо ӯ сари миз ба гуфтушунид нишастан маъние надорад.
-Ақли кас намегирад, ки ин ҳофизи Худозада...
-Мо дар атрофи эшон хело кор намудем ва акнун мағзи гапро ба шумо гуфтаниам.
-Хуш бошад.
-Аз шахсе ки ба падари хеш некӣ накардааст, чӣ бӯйи умед?
-Мегӯянд, ки Худозада бошу арвоҳзада не, бубин нооромии оила ба эшон чиҳо карда.
-Гумон мекунам он беэҳтиромие, ки вай дар нисбати падараш раво дид, ҳамонро аз фарзандаш дид.
-Агар суханҳои Қиёми Абдулхайр рост бошанд, ӯ низ кишти хеш даравидааст...
-Ҳеҷ кишт надаравида намемонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо