Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Аз тамоми нафароне, ки то ҳамин лаҳза мо дар атрофашон кор карда истодаем, Исмоили Мискин ба марра наздиктар аст, вале як ҳолати кор баҳри банда ҳанӯз норӯшан аст.
-Он кадом ҳолат аст?
-Истифодаи ҳамон яроқ.
-Беҳтар мешуд, ки то мавридаш яроқро аз мадди назар дур мекардем.
-Чаро?
-Чунки ҳама гуна таваҷҷуҳи зиёд боиси ба хатто роҳ додани таваҷҷуҳгар мегардад.
-Хуб яроқро ба гӯшаи фаромушӣ додем, акнун баргамегардем ба сари мақсад.
-Дар ин ҷода номзадии ҳар нафарро ба сифати гумонбаршуда дар алоҳидагӣ ба муҳокима гузоштанамон лозим, ҳарчанд ҳар кадоми ин номзадҳо яке аз дигаре бадтаранд.
-Дузд дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад ва бубинед, ки онҳо ҳам чӣ хел якдигарро дарёфтаанд.
-Онҳоро нафси бад ба ҳам наздику қарин намуда ва кӣ медонад тайи ин солҳо онҳо ба сари чӣ қадар оилаҳо мусибат овардаанд.
-Чоҳканро ҳамеша чоҳ дар пеш аст ва, албатта, ҳар кадоми онҳо аз рӯи кирдори хеш дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.
-Арғамчини давлат дароз аст ва чун аз ҳад гузаронидӣ, онро чунон бармекашад, ки ба нафси бади хеш лаънат мехонӣ, мисли оне, ки мусоҳиби мо сухани охирини хешро дар ин бора гуфт.
-То ҷое, ки ман фаҳмидам, падари Қиёми Абдулхайр марди шикастнафсе будааст ва чаро, ки Нозим Ятим ва Исмоили Мискин бо чунин марди нексиришт шиштухез намуда, аз хислатҳои неки вай ягон чизро ба мерос нагирифтанд.
-Бо моҳ шиштанду чаро моҳ нашуданд гӯед?
-Аслан ҳамин чизро гуфтанӣ будам, вале ин мақоли халқӣ ба ёдам наомад.
-Барои аз кори баде даст кашидан ҳамеша астағфурилоҳ гуфтан лозим, вале чун шайтони алайҳилаъна ҳамеша бо мардуме, ки пойбанди нафс гаштаанд, ҳамроҳ аст, Худованд ҳамин калмиаро ҳам ба ёди онҳо намеорад.
-Бубахшед як фикр ба ёдам омад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо