Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Чӣ?
-То ҷое банда иттилоъ дорам, дар бонкҳои калон серия ва рақами пулҳо ба таври автоматӣ дар асбоби ҳисобкунак сабт мешаванд, вале мо як ҳолатро муайян накардем, ки Қиёми Абдулхайр он маблағро аз кадом бонк гирифтааст?
-Гуфт-ку бист ҳазор долларашро аз Зайдов гирифтааст.
-Набошад аз Зайдов пурсидан лозим, ки он бист ҳазоррро аз куҷо гирифтааст?
-Магар ин ягон чиз медиҳад?
-Мехоҳам он панҷ ҳазор доллари аз дохили радиои аз замони доқиёнус монда ёфтаамонро аз рӯи рақаму серияҳояш санҷида бароем, шояд бахтамон хандаду...
-Гумон доред, ки Турсун Маҳмуд ҳам дар гаравгонгирӣ шарик аст.
-Кӣ медонад?
-Оё беҳтар нест, ки муҳокимаи ҳама гуна масъалаҳоро то фардо мавқуф гузорем.
-Итоат, рафиқ капитан!
-Набошад рафтем аз ҷой бархоста гуфтам ман.
-Ба куҷо?
-Ба хона.
-Чаро ба милиса не? - бо ҳамон табассуми зебояш пурсид Нӯшин.
-Чунки аз чор як ҳиссаи шаб гузашт.
2ӣ
-Соат 20 дақиқа.
-Фардо якуми декбар, декабр бошад моҳи кӯтоҳтарини сол, боз чӣ мехоҳед?
-Аз рӯзи сар задани ҳодиса расо як моҳ гузашт, вале мо то ҳанӯз дар ҳалли он оҷизем.
- Ба ҷуз соҳиби гов дузд ҳам Худо мегӯяд.
-Хайр рафтем, - гӯён муфаттиш ҳам аз ҷой бархост ва чароғро хомӯш намуд...
Ба сардии ҳаво нигоҳ накарда мардумони зиёде дар кӯча чун мурчагон дар ҳаракат буданд. Ману Нӯшин дар сари чорроҳаи аввалин аз ҳам ҷудо шудем.
Як истгоҳ пеш аз автобус фаромада оҳиста-оҳиста ба тарафи хона ҳаракат намудам. Пешопеши ман духтараке аз оринҷи дилдодааш дошта, хиромида-хиромила қадам мезад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо