Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Хостам суръати ҳаракатамро каме баландтар карда, аз паҳлуяшон гузашта равам, вале...
-Ба фикрам, акаат он рӯз ҳамаашро фаҳмид, - гуфтани духтар бандаро каме ҳам бошад, ҳушёр кард.
-Фаҳмиданашро-ку намедонам, вале ман худам ба ӯ фаҳмондам.
-Чӣ?
-Ба ӯ ҳамаашро тариқи шеър фаҳмондам.
-Чӣ хел тариқи шеър?
-Чун акаам вориди хона шуд, ман ҳамон шеъри дӯстдоштаи худатро менавохтам.
-Ҳамон “Эй бехабар”-ро?
-Бале.
-Баъд чӣ шуд?
Ба нохост акаам пуши дар пайдо шуда гуфт: - Ва натанҳо ин.
-Боз чӣ?- ба истиқболаш бархеста пурсидам ман.
-Домулло гуфтанд, ки ишқ ҷасорат аст, зан бошад қалъаест, ки онро танҳо марди ҷасур метавонад тасхир кунад.
-Аминам, ки худат дар ҳамон лаҳза ба даҳон об гирифтӣ, - хандида гуфт духтар.
-Баръакс, ман гуфтам, ки ҳамон марди ҷасур ҳамин лаҳза дар рӯ ба руят истода.
-Бовар намекунам.
-Чаро.
-Рафту агар ту мегуфтӣ, аллакай масъалаи ба хонаи мо омадани хостгорҳо ҳал шуда буд...
Ман суръатамро каме суст намудам, то ба суҳбати дилдодагон халал нарасонам...
...44...
-О, вай наомад,-баробари пой ба остонаи дафтари кории муфаттиш гузоштанам гуфт нафаре, ки дар сари мизи корӣ менишаст.
-Меомадагист, албатта.
-Набошад як чой монам.
-Шуморо-ку намедонам, вале сари субҳ банда аз хона бе тановул баромадам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо