Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Ман ҳам гумон намудам, ки шербачаҳои шумо Зайдовро пешандоз намуда овардаанд. Нахостам дер монам, - гӯён Нӯшин чойники барқиро гирифта аз дар баромад...
Сари як пиёла чой мо дар атрофи муколаммаи нотамоми шоми дирӯза хеле суҳбат намудем. Қариб ки номзадии ҳар як нафареро дар алоҳидагӣ ба муҳокима гузошта, андешаҳои хешро дар атрофи рафтору кирдори эшон баён намудем, вале норасоии ҳалқаеро дар шадда ҳис намуда, аз баровардани ҳама гуна хулоса худдорӣ намудем...
Ниҳоят тоқатамон тоқ шуд ва ман ба Абдурашид занг задам.
-Рафиқ капитан, омада истодаем, бандаро ором карданӣ шуда гуфт лейтенанти калон ва ба гуфтугӯи нобаҳангом нуқта гузошт.
Расо баъди бист дақиқаи дигар касе ба дар ангушт зад ва муфаттиш баҳри даромадин эшон рухсат дод...
Абдурашид марди чилупанҷ панҷоҳсолаеро, ки ба дастонаш завлона зада буд, пешандоз намуда, ба дафтари кории муфаттиш ворид шуд.
-Худаш чӣ гап, чаро ӯро?
-О ин бадбахт як “консерт” барпо кард, - арақи пешонаашро бо пушти дасташ пок карда гуфт Абдурашид.
-Чӣ хел консерт?
-Беҳтар мешуд, ки аз худаш мепурсидед.
-Канӣ гузашат шин, - бо ишораи даст курсиеро ба нафаре, ки дастонаш ҳанӯз дар завлона буданд, нишон дода гуфтам ман.
-Ман рост меистам.
-Бисёр хуб рост бошад, рост истодан гир. “Акнун дастонашро кушоед!” амр додам ман ба шогирд ва ӯ ҳамоно завлонаро кушод.
-Ному насабатон.
-Аброр Зайдов.
-Чаро ба корманди милиса муқовимат намудӣ?
-Аз куҷо донам, ки ӯ милиса аст.
-Магар ҳуҷҷаташро нишон надод?
-Не.
-Ҳамсояҳо шоҳид, ки ман ба ин кас ҳуҷҷатамро нишон додам.
-Ҳамаашро санҷида мебароем, - лейтенанти калонро ором намуданӣ шуда гуфт муфаттиш.
-Шояд ман равам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо