Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Дар берун касе сабр намоед, то бубинем ин кас (муфаттиш ба тарафи Зайдов ишора намуд) аз куҷо мехонад.
-Хуб шудааст, - гӯён Абдурашид аз дар баромад.
-Хуш, акнун бигӯй, ки ҳуҷҷаташро нишон дод ё не? - пурсид муфаттиш.
-Ҳа.
-Пас чаро ба корманди милиса итоат накардӣ?
-Ман ба ӯ гуфтам, ки ҳамаашро дирӯз дар аризаам навиштам ва нисбати нафаре, ки мошинамро рабудааст, акнун даъвое надорам.
-Ӯ чӣ гуфт?
-Гуфт, ки ҳамин суханонатро рафта дар прокуратура мегӯед.
-Шумо чӣ гуфтед?
-Гуфтам намеравам, чунки ман бояд ба фурудгоҳ равам.
-Дар фурудгоҳ чӣ кор доштед?
-Ман барои ба Алмаато рафтан чипта дорам.
-Тайёра кай мепарад?
-Соати чордаҳ.
-Барои ҳамин омадан нахостед, ҳамин хел?
-Бале, охир ман наметавонам аз тайёра қафо монам.
-Барои ҳамин ҳам шарм накарда, ба корманди милиса итоат накардед. Инаш кам буд, ки боз рӯирост ӯро туҳмат намудан хостед, ҳайфи шумо!
-Ман тайёрам, ки бахшиш пурсам.
-Рафиқ капитан, агар бемалол бошед.
Ман аз ҷой бархоста дарро кушода Абдурашидро, ки саргарми хондани навиштаҷоти дар девор овехташуда буд, ба дафтари кории муфаттиш даъват намудам.
-Метавонед аз болои ин кас (муфаттиш боз бо дасташ ба тарафи Зайдов ишора намуд) гузориш нависед.
-Не, ман ягон чиз наменависам.
-Чаро?
-Ӯ акнун марди афтода аст ва бе гузориши ман ҳам ҷазояшро барои дигар кирдорҳои нопокаш хоҳад гирифт. Ман наметавонам аз болои марди фитода боз шикоят намоям.
-Маро бубахшед, - бе ягон калому паёми зиёдатӣ гуфт Зайдов.

пешина
аз 429
навбатӣ