Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Шояд ду сол пештар мусоҳиби имрӯзаи банда дар дарёи муҳаббат ғӯтта мезад ва ӯ ҳатто он замонҳо ба гӯшаи хотир ҳам наовардааст, ки андозаи хеш нигоҳ дорад. Чун об аз сар гузашту духтари ғаввос огоҳӣ ёфт, аллакай дер шуда буд. Шояд ӯ хеле дер дарк намуд, ки ба дунё зиндагию зиндагонӣ аз ҳама болост. Ӯро сари гаҳвораи тифлаш дида, ман худ ба чунин хулоса омадам.
-Бубехшед,-баробари аз сари гаҳвораи тифл баргаштан гуфт мусоҳибам ва боз дар курсии муқобил дар рӯ ба рӯям нишаст.
-Боке нест.
-Дар сари гаҳвораи Фаррух фикре ба сарам зад...
-Ман шуморо гӯш мекунам, - хомӯшии нобаҳангоми соҳибхонаро дида гулӯ рӯшан намудам.
-Шояд дар марги Мирзо шумо аз ман домангиред?
Ҳарчанд ҳамин нуқтаи назарро то кунун мо мавриди санҷиш қарор надода будем, вале сари он баргаштанро ҳам истисно карда намешуд. Охир бе ҳадафи муайян касе қасд ба ҷони дигаре намекунад, чунки медонад барои чунин амал чӣ ҷазои дар пеш аст.
Чун мусоҳиби дар рӯ ба рӯям қарордошта низ замоне “бозичаи” дасти мақтул гардида буд...
-Мебинам, ки...
Аз сухани нобаҳангоми мусоҳибам андешаҳои дар майнаам тобхӯранда боз парешон шуданд. Ман ҳатто ба ҷавонзани дар рӯ ба рӯям нишаста тафсилоти ҳодисаро пурра нагуфта будам ва дар як лаҳза ба хулосае омадам, ки суханони ҷавонзанро метавон ба манфиати тафтишот ба истифода бурд. Ӯ, ки худ ба даҳони мурда калима андохт, сарфи назар намудани суханҳои шунида хатои маҳз мешуд...
-Чаро хомӯшед? - дуюмбора бандаро ҳушёр сохта пурсид ҷавонзан.
-Сари гуфтаҳои шумо андеша дорам.
-Хуб ба кадом хулоса омадед?
-Мебинам, ки шумо ба ҷавониатон нигоҳ накарда, аз қонун хуб огоҳӣ доред.
-Яъне ки шумо дар ҳақиқат аз ман гумонбаред.
-Мутаассифона, чунин аст.
-Барои ҳамин ҳам мушкилоти зиёдеро паси сар карда бандаро ҷустуҷӯ намудед?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё