Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 429 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Шояд ман равам? - боз пурсид ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ.
-Ихтиёр шуморост, агар хоҳед метавонед истед, - гуфт муфаттиш.
-Не, беҳтараш ман меравам, - гӯён Абдурашид ба самти дар ҳаракат намуд.
Баъди рафтани ӯ мо се тан каме ҳам бошад, хомӯш истодем ва дар интиҳо муфаттиш бори дигар Зайдовро ба нишастан таклиф намуд ва чун вай ин дафъа эътирозе нанамуд, баробари ба курсӣ нишастанаш мо ба оғози расмии пурсиши вай шуруъ намудем.
-Гуфтед, ки ба тиҷорат машғулед.
-Ҳамин хел.
-Донистан мехостем, ки чӣ тавр дирӯз мошини шумо дар пеши бонки “Ҳосилот” пайдо шуд ва сабаби дуздиданашро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
-Дирӯз ман ҳамаашро ба нозири БДА гуфта додам.
-Афсӯс мехурам, ки боз чандин маротиба ба ҳамин пурсиш посух гуфтанатон лозим мешавад.
-Се рӯз пеш ман мошинро барои назорати техникӣ ба яке аз пунктҳои таъмири техникӣ супорида будам.
-Шахсан худатон онро бурда супоридед, суроғаи он пункти таъмири техникӣ?
-Бале, ман ба он ҷо ҳамроҳи як дӯстам рафта будам.
-Ному насабаш.
-Ба гумон аст, ки шумо ӯро шиносед.
-Ба саволҳо ҷавоб диҳед.
-Исмоил ном дорад.
-Ӯ чӣ кора аст?
-Аслан ҳофиз аст, кам ба тиҷорат ҳам машғул.
-СТО дар куҷост?
-Дар километри ҳафтум.
-Пас чӣ тавр автомашинае ки ба СТО супорида шудааст, сари субҳ дар пеши бонки “Ҳосилот” пайдо шуд ва боз онро бе ягон душворӣ дуздидаанд.
-Чун ман худам нияти ба Алмаато рафтан доштам, гумон намудам, ки то рӯзи рафтанам тайёр намешавад, бинобар ин калидро ба дасти Исмоил додам.

пешина
аз 429
навбатӣ