Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Пас аз куҷо фаҳмидед, ки мошинро дуздиданд?
-Исмоил занг зада гуфт, ки сари субҳ мошинро оварданӣ буд, вале каме кораш баромадасту онро дар назди бонки “Ҳосилот” гузошта, худ вориди банк шудааст, аз он ҷо баромадааст, ки мошин нест.
-Ӯ аз шумо хоҳиш кард, ки ариза нависед ё ин фикр ба сари худатон омад?
-Ӯ ба ман занг зада хабар дод, ки мошинро дуздиданд, аризаро бошад ман худам навиштам.
-Дар бордони мошин панҷ кг маводи сахттаъсири героин ёфт шуд. Ба инаш чӣ мегӯед?
-Чӣ ҳам мегуфтам, модоме ки мошинро дузида бошанд?
-Турсун Маҳмуд ном шахсро мешиносед.
-Албатта.
-Аз кай боз бо вай шиносед?
-Ду-се моҳ шуд.
-Чӣ тавр бо вай шинос шудед?
-Ӯро Исмоил ба назди ман оварда гуфт, ки Аброр Воҳидович ҳамин ҷиянро даст гирифтан лозим.
-Ӯ бояд кадом корҳоро ба сомон мерасонд?
-Корҳои рӯзмарраро.
-Корҳои сиёҳро гӯед.
-Чӣ хел корҳои сиёҳ?
-Фарз намудем аз ҷое ба ҷое интиқол додани маводи мухаддир. Ин корро шумо ҳамроҳи дӯстатон Исмоил, насабаш чӣ буд...
-Исмоили Мискин.
-Ҳа, Исмоили Мискин наметавонед ба сомон расонед, чунки дар роҳ ҳар кор шуданаш мумкин, шумо бошед кайҳо дар ин ҷода таҷриба ҳосил намудаед, ки чӣ тавр ҳангоми шикасти амалиёт худ дар соя монед.
-Шуморо нафаҳмида истодаам, ё гумон доред, ки он бори дар бағоҷи мошин ёфтшуда аз они ман аст?
-Он бор аз шумо набошад, дигар аз кӣ ҳам мешуд? Дар ин бора баҳри собит намудани гуноҳатон мушкилие ҳам пеш намеояд.
...
-Чаро ба даҳон об гирифтед, гап занед?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо