Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

-Гуфтам-ку ман мошинро ба СТО дода будам ё гумон доред, ки онро бо бор якҷоя бурда супоридам?
-Сари ин масъала мо каме баъдтар бармегардем, акнун бигӯед, бо дасти кӣ ва ба кадом хотир ба Қиёми Абдулхайр, ки дар беморхонаи панҷуми шаҳрӣ буд, нома фиристодед?
-Бо дасти ҳамон Турсун Маҳмуд.
-Мазмуни номаро такрор кунед?
-“Забон дар даҳон, посбони сар аст”.
-Акнун ҳамин номаи фиристодаатонро шарҳ диҳед.
-Дар сафари охирини Қиёми Абдулхайр ба хориҷи кишвар аслан ман гунаҳкорам.
-Гуноҳи шумо чист?
-Шаби 30 ба 31 октябр нафаре ба манг занг зада хабар дод, ки гурӯҳи ҷиноятпешае бо Қиёми Абдулхайр ҳисобу китобашонро баробар кардан мехоҳанд ва аз рӯи эҳтиром нисбати банда мехоҳанд, ки пеш аз ба он дунё фиристодани эшон ман қарзҳои додаи хешро пас гирам, барои ин ба ман бист соат вақт доданд.
-Пас чаро шумо қарзатонро талаб накарда, ӯро ба гурехтан маҷбур намудед?
-Ман ба ӯ асли воқеаро гуфтам, қарзамро бошад баҳри он талаб накардам, ки дар кадом вазъи иқтисоди қарор доштанашро медонистам.
-Бо кадом фоизи даромад ба ӯ қарз додед?
-Магар ин ба рафти ҳодисаҳо ягон таъсире расонида метавонад?
-Ба савол бо савол не, балки ҷавоби аниқ диҳед.
-Панҷ фоиз.
-Маблағро аз куҷо гирифта ба эшон додед.
-Аз хона.
-Яъне, аз бонк не.
-Не, он маблағ дар хона буд, чунки ман нияти ба Дубай рафтан доштам.
-Рафиқ капитан, боз шумо бандаро бовар кунониданӣ шудед, ки эшон (муфаттиш нигоҳашро ба сӯи Зайдов дӯхт) ҳеҷ гоҳ бо қонун рӯ ба рӯ нашудааст, андозро сари вақт месупорид. Агар бечора Қорӣ Исмат (Қорӣ Ишикамба дар назар аст) зинда мебуд, бояд ҳамон фарши калони сарашро зери қудуми эшон пойандоз мепартофт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор