Асарҳои мунтахаб ҷилди 7

Бубин панҷ фоиз даромад ва канӣ андози он даромад, ки ба буҷаи давлат равад? Аз рӯи ҳамин гуна судхӯрон шуда буҷаи давлат ҳамеша касод аст, боз шумо бандаро бовар кунониданӣ мешавед, ки...
-Чун эшон марди мусалмон аст, ба ӯ чӣ гӯям, модоме ки додани закотро аз ёд баровардааст.
-Барои ҳамин магар шарт буд, ки бечора Турсуни Маҳмудро бо як коғазача, ки аз матнаш дида муаммоҳояш зиёдтар аст, ба беморхона фиристед, гумон намекунам, ки матлаби шумо танҳо ба хотири пули додаатон бошад, ба фикрам ин ҷо боз ягон агараке ҳаст.
-Чӣ хел агарак?
-Ягон сирри нуҳуфтае, ки шумо аз ошкор шуданаш метарсидед.
-Ман ягон сирри дигар надорам, шояд шумо он сирри нуҳуфтаро боз намоед.
-Танҳо барои шумо ва ба хотири шумо, чунки то ба имрӯз касе дар судхӯрӣ аз бобои Қорӣ Исмат нагузашта буд, вале шумо...
Офарин!
....
-Хомӯшед, албатта, хомӯш меистед, чунки аз ба ёд овардани он асрори ниҳон метарсед. Ба замии ин ки шумо дар интиқоли маводи мухаддир даст доред, ба ҷуз он ки шумо судхӯри гузароеду аз фоидаи ба даст овардаатон андоз намесупоред, боз дар марги нафаре, ки замоне дастатон гирифта буд, даст доред.
-Бе далел сухан нагӯед.
-Ҳоло ҳамаашро ба шумо мефаҳмонем, вале баҳтар мешуд, ки худатон ба рафти ҳодисаҳо рӯшанӣ меандохтед.
-Гуфтам-ку гуноҳе надорам, дар масъалаи он панҷ кг бори аз бағоҷи мошини банда ёфтшуда шумо манро гунаҳкор карда ҳам наметавонед, дар масъалаи андоз аз фоида гуфтед, дар ин бора байни ман ва Қиёми Абдулхайр шартномае нест. Дар атрофи он номаи пурасрор бошад, ман аллакай суханамро гуфтам ва агар нашунида бошед, боз такрор мекунам, ки ҳама гуна амалҳои ман ба хотири он буд, ки нафаре ки аз ман қарздор аст, зинда монад.
Шумо аз ман беҳтар медонед, ки аз зинда ҳамеша бӯйи умед ҳаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор